https://sputnik.tj/20240517/fursat-az-dast-raft--falokati-nav-tahdid--1062864497.html
Фурсат аз даст рафт: Фалокати нав ба ҷаҳон таҳдид мекунад
Фурсат аз даст рафт: Фалокати нав ба ҷаҳон таҳдид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Австралия ва ИМА хушксолӣ, дар Аврупои Ғарбӣ боришоти зиёд ба амал омад. Дар Русия мавсими кишт аз сабаби хунукӣ ва хушкии ҳаво ба таъхир андохта шуд. Ин офатҳо ба амнияти озуқаворӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд
2024-05-17T16:44+0500
2024-05-17T16:44+0500
2024-05-17T16:44+0500
озуқаворӣ
дар ҷаҳон
русия
гандум
кишоварзӣ
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058757769_74:0:2517:1374_1920x0_80_0_0_c9fc0b06ee5f864bea8c8b27d0bfd8a8.jpg
МОСКВА, 17 май — Надежда Сарапина. Баҳори имсола дар Русия ғайриоддӣ сард аст ва метавонад ба ҳосили ғалла зарари ҷиддӣ расонад. Бар асари сармо дар вилоятҳои Тамбов, Липетск, Воронеж, Орёл ва дар 32 ноҳияи вилояти Волгоград вазъияти изтирорӣ ҷорӣ карда шуд. Владимир Петриченко, директори генералии ширкати таҳлилии “ПроЗерно”мегӯяд, ки ба ин рӯйхат мумкин вилояти Саратов ва округи федералии Урал воридкарда шаванд.Шароити обу ҳавои ғайримуқаррарӣ дар кишварҳои дигар ҳам мушоҳида мешавад. Чунончӣ, Фаронса ва Олмон зери боронҳои шадид мондаанд, ИМА ва Австралия аз хушксолӣ азоб мекашанд. Пеш аз ҳама гандум зарар мебинад. Дар биржаи Чикаго нархҳо барои моҳи июл то 6,50 доллар барои як бушел боло рафт. Ин баландтарин нишондод аз моҳи августи соли 2023 аст ва болоравии нархҳо идома хоҳад ёфт.Вазорати кишоварзии ИМА аз коҳиши ҳарсолаизахираи ғалладона хабар медиҳад, менависад Bloomberg. Тибқи пешгӯӣ, дар солҳои 2024-2025 онҳо то257 миллион тонна коҳиш хоҳанд ёфт. Дар соли 2020 захираи ҷаҳонӣ қариб 300 миллион тоннаро ташкил медод.Миқъёси фоҷиа"Талабот афзоиш ёфт, захираҳо дар саросари ҷаҳон маҳдуданд ва мушкилот бо ҳосили нав ба вуҷуд меояд" гуфт Ҷеймс Болсворт, мудири ширкати таҳлилии бритониёии CRM AgriCommodities.Баҳогузории хисорот ба бозори Русия гуногун аст. Муовини президенти Академияи илмҳои Русия Петр Чекмарев бар ин назар аст, ки ҳисоб кардани ҳаҷми ҳосили оянда ҳанӯз барвақт аст. "Мавсими кишт на танҳо барои гандум, балки дигар зироатҳо низ оғоз нашудааст ва он чизеро, ки тавонистем то ҳоло кишт кунем, нобуд шуд", - шарҳ медиҳад ӯ.Сардори Вазорати кишоварзӣ Оксана Лут дар бораи талафоти тақрибан 830 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ дар саросари кишвар хабар дод, ки ин тақрибан як дарсадро ташкил медиҳад. Зарба асосан ба гандуми тирамоҳӣ расид. Бояд дубора кишт кунем.Дигар зироатҳо, аз қабили гандуми баҳорӣ, ҷав, лубиё ва зироатҳои равғандор низ осеб диданд. Маркази таҳлилии "СовЭкон" ҳисоб кардааст, ки талафоти зироатҳои баҳорӣ на камтар аз 500 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.Муовини вазири кишоварзӣ Андрей Разин вазъиятро таҳти назорат арзёбӣ карда, нақшаи корро муайян кард. "Ҳар сол дар баъзе минтақаҳо ҳодисаҳои фавқулодда вобаста ба хушксолӣ, боришоти тӯлонии шадид ва ғайра рух медиҳанд. Дар маҷмӯъ, ин як ҳолати муқаррарӣ аст, - қайд кард ӯ, "ба истеҳсолкунандагони кишоварзии аз ҳама беш зарардида кӯмак кардан зарур аст. Аллакай нақшаи кишти такрорӣ тартиб дода шудааст, аммо чизи асосӣ он аст, ки сохтори майдонҳои кишт бояд нигоҳ дошта шавад".Дар соли 2024 майдони умумии кишт дар кишвар 300 ҳазор гектар зиёд шуда, 84,5 млнро ташкил медиҳад. Зироатҳои тирамоҳӣ 20 миллион гектарро ишғол мекунанд ва Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ки 95 дарсади ин зироатҳо дар ҳолати хуб қарор доранд.Роҳҳои илоҷБа фикри мутахассисон, обу ҳаво ҳанӯз барои ҳосили нав номусоид аст. Петр Чекмарев тавзеҳ медиҳад: таъхир ҳадди аққал ду ҳафта хоҳад буд ва ин хеле зиёд аст. Маълум аст, ки акнун ҳосили рекордӣ ҷамъоварӣ кардан мумкин нест ва ҳатто ҳосили миёна ба даст овардан осон нест. “Чунин баҳор пештар набуд, — қайд мекунад академик, — мавсими кишт ба ҳарорат ва боришот вобаста аст. Одатан, дар минтақаи миёна мавсими кишт то 9 май ба охир мерасад. аммо ҳоло, дар беҳтарин ҳолат, он нав оғоз шудааст". Баҳогузории аввалини ҳосилро на тезтар аз як моҳ баъд кардан мумкин аст.СовЭкон то ҳол пешгӯиҳои қаблӣмедиҳад: талафоти гандум 3,9 миллион тонна, қариб 45 миллиард рублро ташкил медиҳад, ҳосилнокӣ бошад аз 89,6 то 85,7 миллион тонна коҳиш хоҳад ёфт. Дар мавриди майдони кишти такрорӣ, оҷонсӣ арзёбии Вазорати кишоварзиро хушбин медонад ва бар ин назар аст, ки ин рақам метавонад ба як миллион гектар бирасад.Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон мутмаинанд, ки вазъ ба амнияти ғизоии Русия ба ҳеҷ ваҷҳ таъсире нахоҳад гузошт. "Маҳсулоти мо аз ниёзҳои маҳаллӣ хеле зиёд аст ва иқтидори бузурги содиротӣ дорад, аз ин рӯ, барои кишвар ғалла кофӣ хоҳад буд ва захираи солҳои қаблӣ имкон медиҳад, ки содиротро идома диҳем", - мегӯяд Чекмарев.Ноиби президенти “Опора России”, раиси Кумитаи кишоварзӣ Сергей Соколов хотиррасон мекунад, ки истеъмоли дохилӣ тақрибан 77-80 миллион тонна ва пешгӯии ислоҳшудаи ҳосил аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ 130-135 миллион тоннаро ташкил медиҳад. "Дар ҳар сурат, ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд нахоҳад дошт ва барои мӯътадил доштани нархҳо фонди ғалла бо захираи беш аз се миллион тонна мавҷуд аст", - таъкид мекунад ӯ.Ҳамин тариқ, дар Русия коҳиши ҳосил танҳо ба квотаҳои содиротӣ таъсир мерасонад.
https://sputnik.tj/20240503/malakhborish-tahojumi-malakh-kay-poyon-1062715265.html
https://sputnik.tj/20240515/rusiya-kishvar-sarmoyaguzor-iiao-1062841713.html
https://sputnik.tj/20240501/mahsuloti-strategi-kishti-pakhta-tojikiston-arqom-1062680387.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058757769_68:0:1900:1374_1920x0_80_0_0_85626fa4954d770c2bb63633212519be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
озуқаворӣ, ғалла, русия, ҷаҳон, сутуннигор
озуқаворӣ, ғалла, русия, ҷаҳон, сутуннигор
Фурсат аз даст рафт: Фалокати нав ба ҷаҳон таҳдид мекунад
Дар Австралия ва ИМА хушксолӣ, дар Аврупои Ғарбӣ боришоти зиёд ба амал омад. Дар Русия мавсими кишт аз сабаби хунукӣ ва хушкии ҳаво ба таъхир андохта шуд. Ин офатҳо ба амнияти озуқаворӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд, - дар маводи РИА Новости.
МОСКВА, 17 май — Надежда Сарапина. Баҳори имсола дар Русия ғайриоддӣ сард аст ва метавонад ба ҳосили ғалла зарари ҷиддӣ расонад. Бар асари сармо дар вилоятҳои Тамбов, Липетск, Воронеж, Орёл ва дар 32 ноҳияи вилояти Волгоград вазъияти изтирорӣ ҷорӣ карда шуд. Владимир Петриченко, директори генералии ширкати таҳлилии “ПроЗерно”мегӯяд, ки ба ин рӯйхат мумкин вилояти Саратов ва округи федералии Урал воридкарда шаванд.
Шароити обу ҳавои ғайримуқаррарӣ дар кишварҳои дигар ҳам мушоҳида мешавад. Чунончӣ, Фаронса ва Олмон зери боронҳои шадид мондаанд, ИМА ва Австралия аз хушксолӣ азоб мекашанд. Пеш аз ҳама гандум зарар мебинад. Дар биржаи Чикаго нархҳо барои моҳи июл то 6,50 доллар барои як бушел боло рафт. Ин баландтарин нишондод аз моҳи августи соли 2023 аст ва болоравии нархҳо идома хоҳад ёфт.
Вазорати кишоварзии ИМА аз коҳиши ҳарсолаизахираи ғалладона хабар медиҳад, менависад Bloomberg. Тибқи пешгӯӣ, дар солҳои 2024-2025 онҳо то257 миллион тонна коҳиш хоҳанд ёфт. Дар соли 2020 захираи ҷаҳонӣ қариб 300 миллион тоннаро ташкил медод.
"Талабот афзоиш ёфт, захираҳо дар саросари ҷаҳон маҳдуданд ва мушкилот бо ҳосили нав ба вуҷуд меояд" гуфт Ҷеймс Болсворт, мудири ширкати таҳлилии бритониёии CRM AgriCommodities.
Баҳогузории хисорот ба бозори Русия гуногун аст. Муовини президенти Академияи илмҳои Русия Петр Чекмарев бар ин назар аст, ки ҳисоб кардани ҳаҷми ҳосили оянда ҳанӯз барвақт аст. "Мавсими кишт на танҳо барои гандум, балки дигар зироатҳо низ оғоз нашудааст ва он чизеро, ки тавонистем то ҳоло кишт кунем, нобуд шуд", - шарҳ медиҳад ӯ.
Сардори Вазорати кишоварзӣ Оксана Лут дар бораи талафоти тақрибан 830 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ дар саросари кишвар хабар дод, ки ин тақрибан як дарсадро ташкил медиҳад. Зарба асосан ба гандуми тирамоҳӣ расид. Бояд дубора кишт кунем.
Дигар зироатҳо, аз қабили гандуми баҳорӣ, ҷав, лубиё ва зироатҳои равғандор низ осеб диданд. Маркази таҳлилии "СовЭкон" ҳисоб кардааст, ки талафоти зироатҳои баҳорӣ на камтар аз 500 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Муовини вазири кишоварзӣ Андрей Разин вазъиятро таҳти назорат арзёбӣ карда, нақшаи корро муайян кард. "Ҳар сол дар баъзе минтақаҳо ҳодисаҳои фавқулодда вобаста ба хушксолӣ, боришоти тӯлонии шадид ва ғайра рух медиҳанд. Дар маҷмӯъ, ин як ҳолати муқаррарӣ аст, - қайд кард ӯ, "ба истеҳсолкунандагони кишоварзии аз ҳама беш зарардида кӯмак кардан зарур аст. Аллакай нақшаи кишти такрорӣ тартиб дода шудааст, аммо чизи асосӣ он аст, ки сохтори майдонҳои кишт бояд нигоҳ дошта шавад".
Дар соли 2024 майдони умумии кишт дар кишвар 300 ҳазор гектар зиёд шуда, 84,5 млнро ташкил медиҳад. Зироатҳои тирамоҳӣ 20 миллион гектарро ишғол мекунанд ва Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ки 95 дарсади ин зироатҳо дар ҳолати хуб қарор доранд.
Ба фикри мутахассисон, обу ҳаво ҳанӯз барои ҳосили нав номусоид аст. Петр Чекмарев тавзеҳ медиҳад: таъхир ҳадди аққал ду ҳафта хоҳад буд ва ин хеле зиёд аст. Маълум аст, ки акнун ҳосили рекордӣ ҷамъоварӣ кардан мумкин нест ва ҳатто ҳосили миёна ба даст овардан осон нест. “Чунин баҳор пештар набуд, — қайд мекунад академик, — мавсими кишт ба ҳарорат ва боришот вобаста аст. Одатан, дар минтақаи миёна мавсими кишт то 9 май ба охир мерасад. аммо ҳоло, дар беҳтарин ҳолат, он нав оғоз шудааст". Баҳогузории аввалини ҳосилро на тезтар аз як моҳ баъд кардан мумкин аст.
СовЭкон то ҳол пешгӯиҳои қаблӣмедиҳад: талафоти гандум 3,9 миллион тонна, қариб 45 миллиард рублро ташкил медиҳад, ҳосилнокӣ бошад аз 89,6 то 85,7 миллион тонна коҳиш хоҳад ёфт. Дар мавриди майдони кишти такрорӣ, оҷонсӣ арзёбии Вазорати кишоварзиро хушбин медонад ва бар ин назар аст, ки ин рақам метавонад ба як миллион гектар бирасад.
Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон мутмаинанд, ки вазъ ба амнияти ғизоии Русия ба ҳеҷ ваҷҳ таъсире нахоҳад гузошт. "Маҳсулоти мо аз ниёзҳои маҳаллӣ хеле зиёд аст ва иқтидори бузурги содиротӣ дорад, аз ин рӯ, барои кишвар ғалла кофӣ хоҳад буд ва захираи солҳои қаблӣ имкон медиҳад, ки содиротро идома диҳем", - мегӯяд Чекмарев.
Ноиби президенти “Опора России”, раиси Кумитаи кишоварзӣ Сергей Соколов хотиррасон мекунад, ки истеъмоли дохилӣ тақрибан 77-80 миллион тонна ва пешгӯии ислоҳшудаи ҳосил аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ 130-135 миллион тоннаро ташкил медиҳад. "Дар ҳар сурат, ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд нахоҳад дошт ва барои мӯътадил доштани нархҳо фонди ғалла бо захираи беш аз се миллион тонна мавҷуд аст", - таъкид мекунад ӯ.
Ҳамин тариқ, дар Русия коҳиши ҳосил танҳо ба квотаҳои содиротӣ таъсир мерасонад.