ВКД Русия ислоҳот дар соҳаи муҳоҷиратро омода мекунад: тафсилот

© Sputnik / Максим БлиновЗдание Министерства внутренних дел Российской Федерации (МВД РФ) на Житной улице в Москве.
Здание Министерства внутренних дел Российской Федерации (МВД РФ) на Житной улице в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2024
Обуна шудан
Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилии Русия афзуд, ҷиноятҳои аз сӯи муҳоҷирон содиршуда 4% аз шумораи умумии ҷиноятҳоро ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ислоҳот дар соҳаи муҳоҷиратро омода мекунад.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор дошт.
"Мо ислоҳотро барои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва пурзӯр кардани назорат аз болои муҳоҷирон омода карда истодаем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, набояд дар Русия ба авҷ гирифтани бегонаситезӣ роҳ дод.
"Инро дар Ғарб интизоранд ва бар ин мекӯшанд, то вазъияти байни табақаҳои гуногуни аҳолиро ноором кунанд", - тавзеҳ дод иҷрокунандаи вазири умури дохилии Русия.
Илова бар ин, Владимир Колоколтсев афзуд, ки ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон дар кишвар 4%-ро ташкил медиҳад.
Министр внутренних дел РФ Владимир Колокольцев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Колоколтсев гуфт, кадом муҳоҷиронро хуш мепазиранду шиносномаи киҳоро беэътибор месозанд
"Мо маҷбур мешавем, ки ба ҳолатҳои ҷудогона вокуниш нишон диҳем. Онҳо тавре рафтор мекунанд, ки тамоми ҷомеаро ба ташвиш меорад", - гуфт ӯ.
Колоколтсев ҳамчунин ёдовар шуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ танҳо будубоши муҳоҷирон дар Русияро назорат мекунад.
Вай тавзеҳ дод, ки аз соли 2021 дар Федератсияи Русия 30 қонуни танзими будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар қабул шудааст, ки аз се ду ҳиссаи онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ омода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0