Белоусов аз тағйироти оянда дар артиш гуфт

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкРассмотрение кандидатур на пост глав силовых ведомств и МИД в Совете Федерации
Рассмотрение кандидатур на пост глав силовых ведомств и МИД в Совете Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2024
Обуна шудан
Яке аз самтҳои афзалиятноки кор дар мақоми вазири мудофиаи Русия Белоусов фароҳам овардани манзили истиқоматӣ барои иштирокдорони амалиёти вижаи низомӣ гуфт
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Номзад ба мақоми вазири дифоъ Андрей Белоусов доираи вазифаҳоеро, ки пас аз таъин шуданаш дар назди ӯ хоҳанд буд, баён дошт.
Вай зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсия аз ҷумла таъминоти иҷтимоии амалиёти вижаи низомиро зикр намуд.
"Ҳам ёрдампулии пулии хизматчиёни ҳарбие, ки дар минтақаи ҳарбии шимолӣ иштирок мекунанд ва ҳам ҳама гуна пардохтҳо, ки феълан дар сатҳи на камтар аз 200 ҳазор рубл бардошта шудаанд", - гуфт ӯ.
Белоусов илова намуд, ки зиндагӣ танҳо атрофи пул намечархад ва бахшҳои дигаре ҳам мавҷуданд, ки дар он самт бояд кор кард. Вай яке аз чунин масъалаҳоро таъмини иштирокчиёни амалиёти вижаи низомӣ бо манзил хонд.
Министерство обороны РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2024
Барканории Шойгу ва Патрушеву пешниҳоди Белоусов: Кремл тағйироти кадриро шарҳ дод
Вай ҳамчунин нақша дорад, ки ба ҳифзи саломатии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷӯҳи бештар диҳад.
Ба гуфтаи Белоусов, имрӯз бисёре аз иштирокчиёни амалиёти вижа бо вазъияте рӯбарӯ шудаанд, ки ба онҳо қабул ба клиникаҳои шаҳрвандӣ рад карда мешавад ва госпиталҳои ҳарбӣ аллакай пур шудаанд.
"Мо бисёр чизҳое дорем, ки бояд сари он кор кунем. Ин ба бюрократизми аз ҳад зиёд, ҳуҷҷатгузории марбут ба тасдиқи имтиёзҳои хизматчиёни ҳарбӣ низ дахл дорад, ҳамаи ин бояд дар доираи системаи ҳамкории электронӣ ҳал карда шавад", - гуфт Белоусов.
Раиси Шӯрои Федератсия, Валентина Матвиенко, дар навбати худ, изҳори итминон кард, ки номзад пас аз таъйин шуданаш вақти зиёдро талаб намекунад, то ба тамоми ҷузъиёти ин масоил ворид шавад.
Ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин номзадии Андрей Белоусовро ба ҷои Сергей Шойгу ба мақоми вазири мудофиаи кишвар пешниҳод кард.
Лентаи хабарҳо
0