Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сенатори рус шарти музокироти Маскав бо Украинаро гуфт

© AP / Kostiantyn LiberovСпецоперация России по защите Донбасса
Спецоперация России по защите Донбасса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2024
Обуна шудан
Узви Шӯрои Федератсия таъкид кард, агар мавзӯи музокирот татбиқи ҳадафҳои гузошташудаи амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина бошад, Маскав омода аст
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Русия ҳамеша барои музокирот бо Украина омода аст, аммо танҳо дар бораи иҷрои ҳадафҳои амалиёти вижа.
Ин нуктаро муовини аввали раиси Кумитаи дифъи Шӯрои Федератсия, Владимир Чижов, дар суҳбат бо хабаргузории РИА "Новости" баён дошт.

"Гуфтугӯ аз рӯи нақшаи ба истилоҳ Зеленский ҳамчун асоси музокирот сафсата аст. Мо ҳамеша ба музокирот омодаем, аммо на дар бораи таслими Русия, балки дар бораи иҷрои ҳадафҳое, ки дар амалиёти махсуси низомӣ гузошта шуда буданд", - гуфт сенатор.

Вай афзуд, вақте ҷониби дигар омода хоҳад шуд, ки дар ин бора сӯҳбат кунад, музокирот сурат мегирад.
Сенатор изҳор шубҳа кард, ки режими кунунии Киев, ки худро комилан бадном кардааст, барои музокирот иқдом кунад.
Ахиран вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров гуфт, изҳороти роҳбарияти Украина, Аврупо ва Амрико аз ин шаҳодат медиҳад, ки ҳеч нафарашон ба гуфтугӯи ҷиддӣ омода несту танҳо вонмуд карда истодаанд.
Спектакль-концерт, посвященный 80-летию освобождения Ленинграда от фашистской блокады - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳушдори Лукашенко аз хатари ҳастаӣ
Вай мулоқоти тарҳрезишуда дар Швейтсарияро номуваффақ хонда, афзуд, ки "формати Копенгаген" комилан сарбаста аст, чун ба формулаи Зеленский вобаста аст.
Швейтсария 15-16 июн дар наздикии шаҳри Лютсерн дар масъалаи Украина конфронс баргузор мекунад. Русия дар он иштирок намекунад. Ба ин нишаст тақрибан 160 давлат даъват шудаанд.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки раванди музокирот дар бораи Украина бидуни ширкати Русия маъно надорад. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ манъи музокиротро ҷорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0