https://sputnik.tj/20240511/muzokiroti-navbatii-tojikistonu-qirghiziston-dar-borai-qismathoi-boqimonda-marz-1062814283.html
Музокироти навбатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи қисматҳои боқимондаи марз
Музокироти навбатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи қисматҳои боқимондаи марз
Sputnik Тоҷикистон
Мулоқот дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуда, дар бораи дар қисматҳои боқимонда табодули афкор анҷом доданд
2024-05-11T12:41+0500
2024-05-11T12:41+0500
2024-05-11T14:20+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
музокирот
бӯстон
суғд
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Аз 5 май то 11 майи соли равонр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тавсифи гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои боқимонда табодули афкор анҷом доданд.Ҳамчунин тарафҳо дар ин музокирот тасмим гирифтанд, ки ин корро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад, идома диҳанд.Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гардид.Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ мулоқотҳои гурӯҳҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ вохӯрӣ баргузор шуд.Кори ин гурӯҳ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома кард.Ҳамчунин рӯзҳои 24 – 29 марти соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид ва ҷонибҳо дар муайянкунии 28,37 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд.Ин ҷаласа зери роҳбарии раисони КДАМ Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми сол зиёда аз 197 км ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 км хати сарҳадро ташкил медиҳад.Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 км ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20240416/tojikiston-qirghiziston-marz-jalasa-1062491444.html
қирғизистон
бӯстон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, музокирот, бӯстон, қисматҳои боқимонда, суғд
тоҷикистон, қирғизистон, марз, музокирот, бӯстон, қисматҳои боқимонда, суғд
Музокироти навбатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи қисматҳои боқимондаи марз
12:41 11.05.2024 (Навсозишуда: 14:20 11.05.2024) Мулоқот дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуда, дар бораи дар қисматҳои боқимонда табодули афкор анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Аз 5 май то 11 майи соли равонр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тавсифи гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои боқимонда табодули афкор анҷом доданд.
Ҳамчунин тарафҳо дар ин музокирот тасмим гирифтанд, ки ин корро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад, идома диҳанд.
Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ мулоқотҳои гурӯҳҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ вохӯрӣ баргузор шуд.
Кори ин гурӯҳ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома кард.
Ҳамчунин рӯзҳои 24 – 29 марти соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид ва ҷонибҳо дар муайянкунии 28,37 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Ин ҷаласа зери роҳбарии раисони КДАМ Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми сол зиёда аз 197 км ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 км хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 км ташкил медиҳад.