https://sputnik.tj/20240509/putin-rusiya-shariki-asosii-iqtisodi-tojikiston-1062806665.html
Путин: Русия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон аст
Путин: Русия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ изҳор дошт, ки равобити Маскав ва Душанбе дар аксари бахшҳо фаъолона рушд меёбанд.
2024-05-09T16:56+0500
2024-05-09T16:56+0500
2024-05-09T16:56+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
мулоқот
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/09/1062805413_0:157:3082:1891_1920x0_80_0_0_9f9be7aa31b8a1ecf965df177958ade8.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар аксари бахшҳо рӯз ба рӯз фаъолтар рушд меёбанд, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон, дар Кремл.Мулоқот пас аз режаи низомӣ ба ба ифтихори 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх баргузор шуд.Вай афзуд, равобити Маскаву Душанбе дар бисёр бахшҳо фаъолона рушд мекунад.Роҳбари Русия дар ин мулоқот аз ҷумла таъкид кард, ки хадамоти иктишофии ду кишвар барои вокуниш ба хатарҳои террористӣ кор мебаранд."Хадамоти махсуси мо барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ кор доранд. Терроризм- ин таҳдид ба ҳама кишварҳост, ҳам барои Русия ва ҳам Тоҷикистон", - гуфт раҳбари Русия.Путин ҳамчунин ба Раҳмон барои суханони тасаллият пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл изҳори ташаккур кард."Шумо яке аз аввалинҳо будед, ки дар робита ба ҳамлаи террористӣ таъзия баён кардед", - гуфт президенти Русия.Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 3 май зимни як сӯҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро, барои ширкат дар таҷлили ҷашни 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Маскав даъват кард.Ҳамлаи террористӣ дар"Крокус Сити Холл"Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 12 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 11 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.
https://sputnik.tj/20240509/putin-va-rahmon-ba-maqbarai-sarbozi-gumnom-gul-guzoshtand-1062802630.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/09/1062805413_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_cf102e230bb025b0c4bfbcd62201fc8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, шарики асоси, владимир путин, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, шарики асоси, владимир путин, эмомалӣ раҳмон
Путин: Русия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон аст
Раисиҷумҳури Русия зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ изҳор дошт, ки равобити Маскав ва Душанбе дар аксари бахшҳо фаъолона рушд меёбанд.
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар аксари бахшҳо рӯз ба рӯз фаъолтар рушд меёбанд, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон, дар Кремл.
Мулоқот пас аз режаи низомӣ ба ба ифтихори 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх баргузор шуд.
"Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад", - гуфт Путин.
Вай афзуд, равобити Маскаву Душанбе дар бисёр бахшҳо фаъолона рушд мекунад.
Роҳбари Русия дар ин мулоқот аз ҷумла таъкид кард, ки хадамоти иктишофии ду кишвар барои вокуниш ба хатарҳои террористӣ кор мебаранд.
"Хадамоти махсуси мо барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ кор доранд. Терроризм- ин таҳдид ба ҳама кишварҳост, ҳам барои Русия ва ҳам Тоҷикистон", - гуфт раҳбари Русия.
Путин ҳамчунин ба Раҳмон барои суханони тасаллият пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл изҳори ташаккур кард.
"Шумо яке аз аввалинҳо будед, ки дар робита ба ҳамлаи террористӣ таъзия баён кардед", - гуфт президенти Русия.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 3 май зимни як сӯҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро, барои ширкат дар таҷлили ҷашни 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Маскав даъват кард.
Ҳамлаи террористӣ дар"Крокус Сити Холл"
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 12 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 11 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.