Путин: Ҳақиқатро дар бораи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ талош доранд таҳриф кунанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия зимни суханрониша дар Майдони Сурх гуфт, ки интиқомгирӣ, масхара кардани таърих ва сафед кардани нозӣ як ҷузъи сиёсати умумии нухбагони ғарбӣ аст
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Онҳо талош доранд, ки ҳақиқатро дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳриф кунанд, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни суханрониаш дар режаи низомӣ дар Майдони Сурх дар Маскав.
"Ин ба онҳое, ки сиёсати мустамликавиро тариқи дурӯғ месозанд, халал мерасонад", - гуфт президенти Русия.
Вай афзуд, ки интиқомгирӣ, масхара кардани таърих ва сафедкунии нозӣ як ҷузъи сиёсати умумии нухбагони ғарбӣ аст.
Путин таъкид кард, ки Русия ҳеҷ гоҳ аҳамияти "ҷабҳаи дуввум"-ро нодида нагирифтааст.
"Дар солҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ Иттиоди Шӯравӣ бо нозӣ як ба як меҷангид, дар ҳоле, ки тамоми Аврупо барои Гитлер меҳнат мекард <...> Русия муборизаи умумӣ ва анъанахои иттифоқиро дар мубориза ба мукобили нозӣ ҳамеша дар хотир хоҳад дошта ва ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард", — кайд кард раҳбари Русия.
Вай инчунин таъкид, ки Русия шуҷоати тамоми сарбозони эътилофи зидди гитлериро қадр мекунад.
Гузати низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Маскав  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2024
Гузашти ҳарбӣ дар Маскав бо ҳузури президентҳо - видео
Ба гуфтаи Владимир Путин, ҳамаи ширкаткунандагони амалиёти вижаи низомӣ қаҳрамон ҳастанд.
"Тамоми Русия бо онҳост" таъкид кард ӯ.
Путин дар поёни суханронии худ гуфт, ки Рӯзи Ғалаба тамоми наслҳоро муттаҳид мекунад
"Рӯзи Ғалаба ҷашни асосӣ, воқеан миллӣ ва муқаддас аст", - афзуд роҳбари Русия.
Лентаи хабарҳо
0