https://sputnik.tj/20240509/limiti-barq-tojikiston-laghv-1062804521.html
“Ду рӯз шуд”: лимити барқ дар Тоҷикистон лағв шуд
“Ду рӯз шуд”: лимити барқ дар Тоҷикистон лағв шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Барқи тоҷик” аз анҷоми маҳудидиятҳои интиқоли барқ ба аҳолӣ дар тамоми ҷумҳурӣ хабар дод.
2024-05-09T17:49+0500
2024-05-09T17:49+0500
2024-05-09T17:49+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
маҳдудият
"барқи тоҷик"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047476436_215:427:2997:1992_1920x0_80_0_0_5bacd484110cd1028312efeefefab6a9.jpg
Душанбе, 9 май - Sputnik. Ҳамзамон аз ҷо-ҷо иттилооте буруз мекунанд, ки ривоят аз идомаи “лимит” мекунанд.Бахтиёр Раҳматзода, муовини раиси ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, масъули тавзеъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шуруъ аз 7 май тамоми маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар кишвар лағв шудааст.Дар ҳамин ҳол, сокинони кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам тамос бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз қатъи нерӯи барқ на фақат ки дар вилоятҳо, балки шаҳри Душанбе низ мекунанд.Муовини раиси ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” гуфт, ҳар ҷо, ки барқ қатъ шуд, марбут ба мушкилоти техникӣ ё корҳои техникӣ аст.“Дар чунин маворид аз мардуми кишвар мехоҳем, ки ба намояндагиҳои “Барқи тоҷик” дар маҳалҳои худ муроҷиат кунанд ё бо марказ тариқи телефонҳои боварӣ тамос гиранд. Фақат бидонанд, ки маҳдудият дигар нест”, - гуфт Бахтиёр Раҳматзода.Тоҷикистон ҳудуди 20 сол ба ин сӯ ҳамасола ба камбуди барқ мувоҷеҳ мешавад, ки дар пайи он расман маҳдудият дар интиқоли он ҷорӣ мешавад. Маъмулан дар Тоҷикистон тобистон барқ фаровон ва зимистон ба далели умдатан камобии обанборҳо камбуди барқ пеш меояд.Соли равон низ шуруъ аз моҳи декабр чунин маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Ҳоло пас аз боронҳои шадиди баҳорӣ обанборҳо аз об пур шуда, неругоҳҳо низ бо тамоми нерӯ фаъолият мекунанд.
https://sputnik.tj/20240418/ob-barq-maktab-bungohi-tibbi-shahrak-sayhun-tanqis-video-1062536845.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047476436_250:0:2981:2048_1920x0_80_0_0_fc3e42965b2d1b00f8a3c754929a7581.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, лимити барқ, лағв, ширкати “барқи тоҷик” , маҳудидият, ҷумҳурӣ
тоҷикистон, лимити барқ, лағв, ширкати “барқи тоҷик” , маҳудидият, ҷумҳурӣ
“Ду рӯз шуд”: лимити барқ дар Тоҷикистон лағв шуд
Ширкати “Барқи тоҷик” аз анҷоми маҳудидиятҳои интиқоли барқ ба аҳолӣ дар тамоми ҷумҳурӣ хабар дод.
Душанбе, 9 май - Sputnik. Ҳамзамон аз ҷо-ҷо иттилооте буруз мекунанд, ки ривоят аз идомаи “лимит” мекунанд.
Бахтиёр Раҳматзода, муовини раиси ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, масъули тавзеъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шуруъ аз 7 май тамоми маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар кишвар лағв шудааст.
“Аҳолии кишвар ҳоло шабонарӯзӣ 24 соат барқ дастрас мекунанд ва ҳеҷ гуна маҳдудият ё лимите вуҷуд надорад”, - гуфт Бахтиёр Раҳматзода.
Дар ҳамин ҳол, сокинони кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам тамос бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз қатъи нерӯи барқ на фақат ки дар вилоятҳо, балки шаҳри Душанбе низ мекунанд.
Муовини раиси ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” гуфт, ҳар ҷо, ки барқ қатъ шуд, марбут ба мушкилоти техникӣ ё корҳои техникӣ аст.
“Дар чунин маворид аз мардуми кишвар мехоҳем, ки ба намояндагиҳои “Барқи тоҷик” дар маҳалҳои худ муроҷиат кунанд ё бо марказ тариқи телефонҳои боварӣ тамос гиранд. Фақат бидонанд, ки маҳдудият дигар нест”, - гуфт Бахтиёр Раҳматзода.
Тоҷикистон ҳудуди 20 сол ба ин сӯ ҳамасола ба камбуди барқ мувоҷеҳ мешавад, ки дар пайи он расман маҳдудият дар интиқоли он ҷорӣ мешавад. Маъмулан дар Тоҷикистон тобистон барқ фаровон ва зимистон ба далели умдатан камобии обанборҳо камбуди барқ пеш меояд.
Соли равон низ шуруъ аз моҳи декабр чунин маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Ҳоло пас аз боронҳои шадиди баҳорӣ обанборҳо аз об пур шуда, неругоҳҳо низ бо тамоми нерӯ фаъолият мекунанд.