https://sputnik.tj/20240508/vkkh-rusiya-hamla-isroil-rahafh-omil-besubot-mintaqa-1062780881.html
ВКХ Русия ҳамлаи Исроил ба Раҳафҳро омили бесуботии дигар дар минтақа хонд
ВКХ Русия ҳамлаи Исроил ба Раҳафҳро омили бесуботии дигар дар минтақа хонд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Русия бо шарҳи вазъи Ховари Миёна аз Исроил даъват кард, ки муқаррароти байналмилалии ҳуқуқи башарро риоя намояд
2024-05-08T14:17+0500
2024-05-08T14:17+0500
2024-05-08T14:26+0500
дар русия
исроил
ғазза
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/07/1054034270_0:156:3072:1883_1920x0_80_0_0_aff4aaf9a8f9e30f41f5a7a44f400e33.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Амалиёти заминии Исроил дар шаҳри Рафаҳ дар навори Ғазза омили изофии бесуботӣ дар вазъ дар Ховари Миёна аст.Дар ин бора сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар брифинге ба хабарнигорон изҳор дошт.Ӯ гуфт, Маскав аз Исроил риояи қонунҳои башариро тақозо мекунад.Пештар аз ин дафтари матбуоти артиши Исроил хабар дода буд, ки варақаҳое партофта шудаанд, ки дар он аз сокинони қисмати шарқии Рафаҳ ба тахлия пеш аз амалиёти заминӣ даъват шудаанд. Субҳи рӯзи сешанбе нерӯҳои Исроил аз оғози амалиёт дар қисмати шарқии шаҳр хабар доданд. Созмони Милал гуфт, ки гузаргоҳи Рафаҳро Исроил ба рӯи мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона бастааст. СММ ахиран барои ҳамла ба Рафоҳ Исроилро дар нақзи тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муттаҳам кард.Сухангӯи Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ Йенс Лаерке дар нишасти матбуотӣ дар Женева, гуфт, ин кишвар тамоми панҷ қоидаҳои ҳуқуқи байналмилалро нақз кард.Дабири ин созмон Антониу Гуттериш изҳор дошт, ки амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ метавонад боиси "иштибоҳи стратегӣ, як фалокати сиёсӣ ва даҳшати башардӯстона" шавад.
https://sputnik.tj/20240508/vkkh-rusiya-hamla-isroil-rahafh-omil-besubot-mintaqa-1062780881.html
исроил
ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/07/1054034270_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_1e8885eb3721c6a4424cf8bb30fbbd98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия ҳамла исроил раҳафҳ бесуботӣ минтақа
русия ҳамла исроил раҳафҳ бесуботӣ минтақа
ВКХ Русия ҳамлаи Исроил ба Раҳафҳро омили бесуботии дигар дар минтақа хонд
14:17 08.05.2024 (Навсозишуда: 14:26 08.05.2024) Вазорати корҳои хориҷии Русия бо шарҳи вазъи Ховари Миёна аз Исроил даъват кард, ки муқаррароти байналмилалии ҳуқуқи башарро риоя намояд
ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Амалиёти заминии Исроил дар шаҳри Рафаҳ дар навори Ғазза омили изофии бесуботӣ дар вазъ дар Ховари Миёна аст.
Дар ин бора сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар брифинге ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, Маскав аз Исроил риояи қонунҳои башариро тақозо мекунад.
“Омили иловагии бесуботӣ, аз ҷумла барои тамоми минтақа, оғози амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ дар ҷануби Ғазза буд. Дар робита ба ин, мо риояи қатъии муқаррароти ҳуқуқи башарии байналмилалиро талаб мекунем”, - гуфт Захарова.
Пештар аз ин дафтари матбуоти артиши Исроил хабар дода буд, ки варақаҳое партофта шудаанд, ки дар он аз сокинони қисмати шарқии Рафаҳ ба тахлия пеш аз амалиёти заминӣ даъват шудаанд.
Субҳи рӯзи сешанбе нерӯҳои Исроил аз оғози амалиёт дар қисмати шарқии шаҳр хабар доданд. Созмони Милал гуфт, ки гузаргоҳи Рафаҳро Исроил ба рӯи мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона бастааст.
СММ ахиран барои ҳамла ба Рафоҳ Исроилро дар нақзи тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муттаҳам кард.
Сухангӯи Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ Йенс Лаерке дар нишасти матбуотӣ дар Женева, гуфт, ин кишвар тамоми панҷ қоидаҳои ҳуқуқи байналмилалро нақз кард.
Дабири ин созмон Антониу Гуттериш изҳор дошт, ки амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ метавонад боиси "иштибоҳи стратегӣ, як фалокати сиёсӣ ва даҳшати башардӯстона" шавад.