Супориши Путин барои тамрини истифодаи силоҳи ҳастаӣ

© Sputnik / РИА НовостиОперативно-тактический ракетный комплекс "Искандер М"
Оперативно-тактический ракетный комплекс Искандер М  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2024
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия аз оғози омодагӣ ба тамринот бо иштироки нерӯҳои ҳавзаи марказии ҷанубӣ ва қувваҳои баҳрии кишвар хабар додааст
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба Ситоди генералӣ дастур дод, ки ба машқҳои истифодаи силоҳи ҳастаии ғайристратегӣ омода шаванд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дода, афзудаст, ки омодагӣ бо ҷалби тамоми намуди нерӯҳо оғоз гардиданд.
"Бо мақсади баланд бардоштани омодагии қувваҳои ҳастаии ғайристратегӣ ба иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, Ситоди генералӣ омодагиҳоро ба баргузории машқҳо бо ҷузъу томҳои мушакии Ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ оғоз кард", - омадааст дар иттилоия.
Размоиш дар ояндаи наздик баргузор мешаванд ва дар онҳо нерӯҳои ҳавоию дарёӣ низ ширкат хоҳанд кард.
Радиоактивная свалка в Истиклоле (бывший Табошар) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2024
Марсинкевич: Партовҳои урандор дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз масъалаи доғ аст
Ҳадаф аз баргузории машқҳо нигоҳ доштани омодагии ҳайати шахсӣ ва техникаи воҳидҳо барои истифодаи ҷангии силоҳи ҳастаии ғайристратегӣ барои посух додан ва таъмини тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлат мебошад, таъкид кардаст манбаъ.
Қайд мешавад, ки ин ҳам посух ба "баёноти иғвоангез ва таҳдидҳои мақомоти алоҳидаи ғарбӣ" алайҳи Русия аст.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳор дошта буд, ки Ғарб дар партави пуштибониаш аз Украина хатари бархӯрди абарқудратҳои ҳастаиро дар остона қарор додаст, ки пайомадҳои фалокатбор дорад.
Ба гуфтаи вай, он далел, ки "сегона"-и кишварҳои ҳастаии ғарбӣ аз сарпарастони аслии Киев ҳастанд, нигаронии хоса дорад. Маскав инро як хатари ҷиддии стратегӣ медонад, ки боиси афзоиши сатҳи хатари ҳастаӣ мешавад, афзуд Лавров.
Лентаи хабарҳо
0