Рӯзи охири Dushanbe Grand Slam - 2024: Киҳо аз Тоҷикистон вориди майдон мешаванд?

© SputnikМеждународный турнир по дзюдо "Dushanbe Grand Slam 2024"
Международный турнир по дзюдо Dushanbe Grand Slam 2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2024
Обуна шудан
Дар рӯзи охирини мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн то 78 ва беш аз 78 байни занон ва дар вазнҳои -90 кг, -100 кг ва +100 кг байни мардон қувва меозмоянд.
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тоҷикистонро дар рӯзи охири мусобиқаи байналмилалии "Dushanbe Grand Slam 2024" дар риштаи ҷудо 12 паҳлавон муаррифӣ мекунанд.
Дар рӯзи охири мусобиқаи мазкур, ҷудокорон аз рӯи 5 вазн то 78 ва беш аз 78 байни занон ва дар вазнҳои -90 кг, -100 кг ва +100 кг байни мардон қувва меозмоянд.
Дар вазни то 90 кило дар даври аввал Комроншоҳ Устопириён бо Даниел Ниетои испанӣ, Шодмон Ризоев бо Эдуард Триппели олмонӣ, Акмал Муродов бо Мамедалӣ Ачюлдююеви туркман ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Бакар Эрашвилии гурҷӣ вориди майдон мешаванд.
Зӯрозмоиҳо дар вазни то 100 кило миёни Ҷаҳонгир Маҷидов ва Авсин Чандрани ҳиндӣ, Парвиз Абдураҳмонов бо намояндаи дастаи варзишгарони бетараф Анджей Павлиуков, Эмомризо Анварзода бо Синг Автари ҳиндӣ ва Кароматулло Ҳакимов бо намояндаи дастаи варзишгарони бетараф Нииаз Билолов сурат мегиранд.
Нахустин рӯзи мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2024
Дастоварди ҷудокорони тоҷик аз нахустин рӯзи мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024"
Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Давит Кевлишвилии испанӣ ва Анани Квадйои фаронсавӣ сабқат мекунад.
Мансур Раҳмон дар ҳамин вазн бо Шаотонг Юани чинӣ, Некрӯзшоҳ Некбахтзода бо Муҳаммал ал Маҳдии алҷазоирӣ ва Шарифҷон Назриев бо Мансур Муҳиддинови узбек дар даври аввал куштӣ мегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг медали нуқра, Муҳаммадсолеҳ Қувватов да дар вазни -60 кг медали тилло, Обид Ҷебов дар вазни -66 кг медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев дар вазни -66 кг медали биринҷӣ гирифтанд.
Ғолибон дар баробари холҳои олимпӣ инчунин 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро қадрдонӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0