https://sputnik.tj/20240503/tojikiston-guruh-kori-past-foizi-qarz-bonki-1062706809.html
Дар Тоҷикистон гуруҳи корӣ барои паст кардани фоизи қарзҳои бонкӣ фаъолият дорад
Дар Тоҷикистон гуруҳи корӣ барои паст кардани фоизи қарзҳои бонкӣ фаъолият дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз дар Тоҷикистон бо пули миллӣ аз 28 то 23% ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11% паст карда шудааст, иттилоъ дод БМТ
2024-05-03T10:48+0500
2024-05-03T10:48+0500
2024-05-03T10:49+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
маҷлиси намояндагон
бонки миллӣ
фоиз
паст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар барои поин бурдани фоизи қарзҳои бонкӣ корбарӣ намуда истодааст. Дар ин бора муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ дар посух ба суоли вакил Саидҷаъфат Усмонзода изҳор дошт.Намояндаи мардумӣ гуфт, яке аз масъалаҳои асосие, ки ба соҳибкорон мушкил эҷод мекунад, фоизҳои баланди қарзи бонкҳо аст, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум". "Бо фармони раиси БМТ гурӯҳи кории доимоамалкунанда фаъолият мебарад, ки бевосита бо роҳбарони ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, бозбинӣ кардани фоизи қарзҳоеро, ки ба шаҳрвандону соҳибкорон пешниҳод мегарданд, баррасӣ менамояд", - гуфт Назирӣ. Вай афзуд, дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз дар Тоҷикистон бо пули миллӣ аз 28 то 23% ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11% паст карда шудааст. Ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҳамчун миёнарави молиявӣ фаъолият мекунанд ва бонкҳо бо дарназардошти ҳамаи хароҷоте, ки доранд, фоизи қарзро муайян мекунанд, зикр намуд муовини раиси БМТ. "Мо наметавонем, ки ташкилотҳои қарзию молиявиро маҷбур кунем, ки фоизи қарзиро паст кунанд, чунки ин ба пешбурди фаъолияти ташкилот низ зарар расонданаш мумкин аст", - гуфт ӯ. БМТ доимо оид ба кам кардани хароҷоте, ки ташкилотҳои қарзию молиявӣ доранд ва бозбинӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷаро тавсия медиҳад, афзуд Назирӣ.
https://sputnik.tj/20240428/mughuliston-iiao-shartnoma-tijorati-ozod-imzo-1062666381.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фоиз, қарз, паст, хориҷӣ, коҳиш, сомонӣ
фоиз, қарз, паст, хориҷӣ, коҳиш, сомонӣ
Дар Тоҷикистон гуруҳи корӣ барои паст кардани фоизи қарзҳои бонкӣ фаъолият дорад
10:48 03.05.2024 (Навсозишуда: 10:49 03.05.2024) Дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз дар Тоҷикистон бо пули миллӣ аз 28 то 23% ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11% паст карда шудааст, иттилоъ дод БМТ
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар барои поин бурдани фоизи қарзҳои бонкӣ корбарӣ намуда истодааст.
Дар ин бора муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ дар посух ба суоли вакил Саидҷаъфат Усмонзода изҳор дошт.
Намояндаи мардумӣ гуфт, яке аз масъалаҳои асосие, ки ба соҳибкорон мушкил эҷод мекунад, фоизҳои баланди қарзи бонкҳо аст, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум".
"Бо фармони раиси БМТ гурӯҳи кории доимоамалкунанда фаъолият мебарад, ки бевосита бо роҳбарони ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, бозбинӣ кардани фоизи қарзҳоеро, ки ба шаҳрвандону соҳибкорон пешниҳод мегарданд, баррасӣ менамояд", - гуфт Назирӣ.
Вай афзуд, дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз дар Тоҷикистон бо пули миллӣ аз 28 то 23% ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11% паст карда шудааст.
Ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҳамчун миёнарави молиявӣ фаъолият мекунанд ва бонкҳо бо дарназардошти ҳамаи хароҷоте, ки доранд, фоизи қарзро муайян мекунанд, зикр намуд муовини раиси БМТ.
"Мо наметавонем, ки ташкилотҳои қарзию молиявиро маҷбур кунем, ки фоизи қарзиро паст кунанд, чунки ин ба пешбурди фаъолияти ташкилот низ зарар расонданаш мумкин аст", - гуфт ӯ.
БМТ доимо оид ба кам кардани хароҷоте, ки ташкилотҳои қарзию молиявӣ доранд ва бозбинӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷаро тавсия медиҳад, афзуд Назирӣ.