https://sputnik.tj/20240502/sitoraho-judo-tojikiston-dushanbe-toskuloh-buzurg-omoda-1062690942.html
Ситораҳои ҷудо ба Тоҷикистон омаданд: Душанбе ба Тоскулоҳи бузург ҷиддӣ омода мешавад
Ситораҳои ҷудо ба Тоҷикистон омаданд: Душанбе ба Тоскулоҳи бузург ҷиддӣ омода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар "Dushanbe Grand Slam 2024" Тедди Ринери муддаии асосӣ дар вазни беш аз 100 кило буда, аммо Шоҳей Оно ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат мекунад
2024-05-02T10:51+0500
2024-05-02T10:51+0500
2024-05-02T12:59+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
дзюдо
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062691160_0:39:750:461_1920x0_80_0_0_bcbd44b980acd2a4d3e01b78147b2283.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Cитораҳои ҷудои ҷаҳонӣ Тедди Ринер аз Фаронса ва Шоҳей Оно аз Ҷопон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.Ин меҳмонони вижаро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва масъулини кумитаи тадорукоти мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024" гарм истиқбол карданд.Ба ҳарду варзишгари шинохта тоқиву ҷомаи миллӣ пӯшониданд, хабар медиҳад, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон. Дар "Dushanbe Grand Slam 2024" Тедди Ринер муддаии асосӣ дар вазни беш аз 100 кило буда, аммо Шоҳей Оно ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат мекунад.Маврид ба зикр аст, ки Теддии 35-сола, қаҳрамони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020), қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон, қаҳрамони 5-каратаи Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса мебошад.Меҳмони фахрӣ Шоҳей Оно, бошад, чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон, дорандаи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нишони нуқраи чемпионати Осиё, чемпиони чоркаратаи Ҷопон ва дорандаи дани 5-уми IJF аст.Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе бори аввал дар таърих мизбонии чунин чорабиниро ба зима дорад. Он аз 3-5 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.Дар он 425 ҷудокор аз 71 кишвари 5 қитъаи олам ҳузур пайдо мекунанд, ки иборат аз 225 мард ва 196 бону буда, рақобатҳо дар 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20231122/sol-judo-tojikiston-medalgiri-barobar-1060571848.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062691160_83:0:750:500_1920x0_80_0_0_6375be2d3df7ba9cea026ef80079793b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тедди оно тоҷикистон ҷудо
тедди оно тоҷикистон ҷудо
Ситораҳои ҷудо ба Тоҷикистон омаданд: Душанбе ба Тоскулоҳи бузург ҷиддӣ омода мешавад
10:51 02.05.2024 (Навсозишуда: 12:59 02.05.2024) Дар "Dushanbe Grand Slam 2024" Тедди Ринери муддаии асосӣ дар вазни беш аз 100 кило буда, аммо Шоҳей Оно ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Cитораҳои ҷудои ҷаҳонӣ Тедди Ринер аз Фаронса ва Шоҳей Оно аз Ҷопон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ин меҳмонони вижаро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва масъулини кумитаи тадорукоти мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024" гарм истиқбол карданд.
Ба ҳарду варзишгари шинохта тоқиву ҷомаи миллӣ пӯшониданд, хабар медиҳад, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Дар "Dushanbe Grand Slam 2024" Тедди Ринер муддаии асосӣ дар вазни беш аз 100 кило буда, аммо Шоҳей Оно ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Теддии 35-сола, қаҳрамони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020), қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон, қаҳрамони 5-каратаи Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса мебошад.
Меҳмони фахрӣ Шоҳей Оно, бошад, чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон, дорандаи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нишони нуқраи чемпионати Осиё, чемпиони чоркаратаи Ҷопон ва дорандаи дани 5-уми IJF аст.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе бори аввал дар таърих мизбонии чунин чорабиниро ба зима дорад. Он аз 3-5 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.
Дар он 425 ҷудокор аз 71 кишвари 5 қитъаи олам ҳузур пайдо мекунанд, ки иборат аз 225 мард ва 196 бону буда, рақобатҳо дар 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ сурат мегирад.