https://sputnik.tj/20240430/zangi-lavrov-hamtoi-tojikash-fahmond-sanjish-muvaqqati-1062678342.html
Занги Лавров ба Муҳриддин: Ӯ гуфт, санҷишҳо муваққатиянду зидди дину миллате нестанд
Занги Лавров ба Муҳриддин: Ӯ гуфт, санҷишҳо муваққатиянду зидди дину миллате нестанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи супоридани нота ба сафири рус дар Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Русия ба ҳамтои тоҷикаш занг заду тафсилоти қазияро тавзеҳ дод 30.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-30T18:08+0500
2024-04-30T18:08+0500
2024-04-30T18:08+0500
сиёсат
дар русия
маскав
муносибат
суҳбат
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/13/1057791598_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_ea4c949dc2eb5ead70768ce02cf55f68.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Бо ташаббуси ҷониби Маскав вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин суҳбати телефонӣ доштаанд. Ба иттилои ВУХ Русия, Лавров ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи чораҳои андешидаи мақомоти рус ҷиҳати пешгирии терроризм тибқи қонунгузории кишвар тавзеҳоти муфассали иловагӣ дод. Ӯ илова намудаст, ки ин тадбирҳо хусусияти муваққатӣ дошта, алайҳи миллату дини алоҳида равона нашудаанд. Таъкид гардидаст, ки мунтазам вазъият дар гузаргоҳҳои марзӣ муътадил шуда истодааст. Ҷонибҳо дар мавриди зарурати ғамхорӣ ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Русия ва Тоҷикистон, ки аз санҷиши замон гузаштаанд, таъкид кардаанд. Роҳбарони ниҳодҳои дипломатии ду кишвар дар масъалаи ҳифз ва таҳкими раванди мусбати муносибот изҳори ҳамовозӣ кардаанд. Суҳбати вазирон дар пасманзари хабарҳо дар мавриди мушкилоти вуруди бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сурат гирифтааст, ки ҷониби Маскав онҳоро ба таҳкими чораҳои бехатарӣ рабт медиҳад.
https://sputnik.tj/20240430/rusiya-kori-donishgoh-slavyani-dushanbe-1062675450.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/13/1057791598_60:0:1197:853_1920x0_80_0_0_c03640e543f85435a7fc4e83bc8c3452.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , дар русия, маскав, муносибат, суҳбат, суҳбати телефонӣ
сиёсат , дар русия, маскав, муносибат, суҳбат, суҳбати телефонӣ
Занги Лавров ба Муҳриддин: Ӯ гуфт, санҷишҳо муваққатиянду зидди дину миллате нестанд
Дар пайи супоридани нота ба сафири рус дар Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Русия ба ҳамтои тоҷикаш занг заду тафсилоти қазияро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Бо ташаббуси ҷониби Маскав вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин суҳбати телефонӣ доштаанд.
Ба иттилои ВУХ Русия, Лавров ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи чораҳои андешидаи мақомоти рус ҷиҳати пешгирии терроризм тибқи қонунгузории кишвар тавзеҳоти муфассали иловагӣ дод.
"Ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар "Крокус Сити Холл" сабаби асосии тафтиши ҳамаҷонибаи шаҳрвандони хориҷии воридшаванда ба Русия шудаст", - изҳор доштаст Лавров.
Ӯ илова намудаст, ки ин тадбирҳо хусусияти муваққатӣ дошта, алайҳи миллату дини алоҳида равона нашудаанд.
Таъкид гардидаст, ки мунтазам вазъият дар гузаргоҳҳои марзӣ муътадил шуда истодааст.
Ҷонибҳо дар мавриди зарурати ғамхорӣ ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Русия ва Тоҷикистон, ки аз санҷиши замон гузаштаанд, таъкид кардаанд.
Роҳбарони ниҳодҳои дипломатии ду кишвар дар масъалаи ҳифз ва таҳкими раванди мусбати муносибот изҳори ҳамовозӣ кардаанд.
Суҳбати вазирон дар пасманзари хабарҳо дар мавриди мушкилоти вуруди бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сурат гирифтааст, ки ҷониби Маскав онҳоро ба таҳкими чораҳои бехатарӣ рабт медиҳад.