https://sputnik.tj/20240430/masala-halnoshuda-nest-rahmon-qazoqiston-1062677578.html
Масъалаи ҳалношуда нест: Раҳмон бо сарвазири Қазоқистон аз 3 млрд доллар ва парвозҳо гуфт
Масъалаи ҳалношуда нест: Раҳмон бо сарвазири Қазоқистон аз 3 млрд доллар ва парвозҳо гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Қазоқистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар баробари мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш бо раисҷумҳури кишвари мизбон низ мулоқот дошт
2024-04-30T14:55+0500
2024-04-30T14:55+0500
2024-04-30T14:55+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
мулоқот
сарвазир
боздид
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/1e/1062677258_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_6d47a1bdc0fe7c5eaaad560cf4e43d98.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Қазоқистон, Олжас Беткенов таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуд, ки шарикии стратегии ду кишвар дар тамоми соҳаҳо босуръат густариш меёбад. Мо манфиатдорем, ки заминаи хамкории ду кишвар минбаъд ҳам мустаҳкам шавад, таъкид намуд Раҳмон. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди беш аз 1,1 млрд доллари амрикоиро ташкил дода, барои боло бурдани ин нишондод тадбирҳои муштарак андешидан лозим аст."Зарур дониста шуд, ки дар ин самт иқтидори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ бештар истифода шавад ва иҷрои шартномаву қарордодҳои ба маблағи тақрибан се миллиард доллар қаблан басташуда зери назорат бошад", - омадааст дар итттилоия.Ҷалби сармоя ба соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судовари саноати сабук ва кӯҳӣ, хӯрокворӣ, кимиё, металлургияи ранга, мошинсозӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ муҳим шумурда шуд.Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими мусофиркашониро тавассути нақлиёти заминӣ ва дубора оғоз гардидани хатсайрҳои нақлиёти ҳавоиро миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид карданд.
https://sputnik.tj/20240420/kumak-bashardustona-tojikiston-qazoqiston-rasid-1062580645.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/1e/1062677258_16:0:1836:1365_1920x0_80_0_0_4cf278c63e357f8bb10ab765ccf0f824.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, эмомалӣ раҳмон, сарвазир, қазоқистон
мулоқот, эмомалӣ раҳмон, сарвазир, қазоқистон
Масъалаи ҳалношуда нест: Раҳмон бо сарвазири Қазоқистон аз 3 млрд доллар ва парвозҳо гуфт
Сарвазири Қазоқистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар баробари мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш дидор бо раисҷумҳур багузор шуд
ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Қазоқистон, Олжас Беткенов таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуд, ки шарикии стратегии ду кишвар дар тамоми соҳаҳо босуръат густариш меёбад.
Мо манфиатдорем, ки заминаи хамкории ду кишвар минбаъд ҳам мустаҳкам шавад, таъкид намуд Раҳмон.
"Тоҷикистонро мо шарики боэътимоди стратегӣ ва ҳампаймон медонем, байни кишварҳои мо ҳеҷ масъалаи ҳалношуда набуд ва нест, ҳамаи онҳо дар руҳияи ҳампаймонӣ ва бародарӣ ҳал мешаванд”, - изҳор дошт Беткенов.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди беш аз 1,1 млрд доллари амрикоиро ташкил дода, барои боло бурдани ин нишондод тадбирҳои муштарак андешидан лозим аст.
"Зарур дониста шуд, ки дар ин самт иқтидори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ бештар истифода шавад ва иҷрои шартномаву қарордодҳои ба маблағи тақрибан се миллиард доллар қаблан басташуда зери назорат бошад", - омадааст дар итттилоия.
Ҷалби сармоя ба соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судовари саноати сабук ва кӯҳӣ, хӯрокворӣ, кимиё, металлургияи ранга, мошинсозӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ муҳим шумурда шуд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими мусофиркашониро тавассути нақлиёти заминӣ ва дубора оғоз гардидани хатсайрҳои нақлиёти ҳавоиро миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид карданд.