Ҷузъиёти кори муттаҳами дувоздаҳум дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокус маълум шуд

© Foto / Суды общей юрисдикции города МосквыКурбонов Джумахон Бегиджонович
Курбонов Джумахон Бегиджонович - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2024
Обуна шудан
Дувоздаҳумин муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокус Ҷумахон Қурбонов дар Русия ғайриқонунӣ кор мекард ва дар як хобгоҳ дар Маскав зиндагӣ мекард
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дувоздаҳумин муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокус Ҷумахон Қурбонов ва бародараш Сӯҳроб дар сохтмоне дар Маскав кор мекарданд.
Дар ин бора як корманди хобгоҳе, ки бародарон онҷо зиндагӣ мекарданд, нақл кард.
"Ҷавон дар ширкати сохтмонӣ орому бе сару садо кору зиндагӣ мекард... Муассисаи сохтмон шояд бештар маълумот диҳад, — гуфт ӯ.
Зимни суҳбат бо хабарнигори РИА "Новости", дар хобгоҳе, ки барои 3 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст гуфтанд, ки онҳо наметавонанд ҳамаро аз рӯи дид бишиносанд ва вазифаи асосӣ ҷойгир кардани муҳоҷирон ва таъмини манзили онҳост.
Қаблан Додгоҳи Басмании Маскав зодаи Тоҷикистон Ҷумахон Қурбонови 20-соларо дар чаҳорчӯби парвандаи ҳамлаи террористӣ то 22 май боздошт кард.
Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ ба шарикони худ василаи иртиботот ва пул барои пардохти ҳисобҳо додааст.
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Путин аз ҷараёни таҳқиқи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" ва омилони он гуфт
Қурбонов пеш аз ба ҳабс гирифта шуданаш аз рӯи делои ҷиноятӣ барои майдавбошӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ кашида шуда, ҳамроҳи ӯ бародараш Суҳроб* низ ҳабс карда шуда буд.

Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"

Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 12 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 11 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0