https://sputnik.tj/20240428/sughd-mahdudiyat-barqrasoni-sabuktar-1062665334.html
Аз 8 ба 18 соат: Дар навоҳии Суғд маҳдудияти барқрасонӣ сабуктар шудааст
Аз 8 ба 18 соат: Дар навоҳии Суғд маҳдудияти барқрасонӣ сабуктар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Сокинон дар рустоҳои Суғд, ки ҳади ақал шаш моҳи охирро бо мушкили барқрасонӣ пушти сар кардаанд, аз тағйирёбии реҷаи барқрасонӣ хабар медиҳанд
2024-04-28T15:40+0500
2024-04-28T15:40+0500
2024-04-28T19:20+0500
дар тоҷикистон
суғд
барқ
энергетика
барқрасонӣ
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/01/1032374123_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d94387af2ea43b21e032c3288127b9dc.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Бино ба гуфти сокинон барқрасонӣ дар шаҳру навоҳии дурдасти вилояти Суғд аз 6 - 8 соати шабонарӯзии моҳҳои зимистону оғози фасли баҳор ҳоло ба 18 соат баробар шудааст.Сӯҳроб Отаев, яке аз сокинони деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки реҷаи нав се рӯз ба ин тараф амал мекунад.Сокинон аз деҳоти навоҳии Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва шаҳрҳои Исфараву Конибодом ҳам дар бораи сабуктар шудани маҳдудияти барқрасонӣ хабар медиҳанд.Як масъули ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Истаравшан” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо гарм шудани ҳарорати ҳаво имконияти барқрасонӣ бештар шудааст.Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳҳои сентябр соли 2023 дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои интиқоли барқ оғоз ёфт ва дар моҳи марти соли ҷорӣ ин лимити барқ сартосарӣ шуд.Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” сабаби пеш омадани ин мушкилро дар поин шудани ҳаҷми об обанбори нерӯгоҳи “Норак” тавзеҳ доданд.Ахиран роҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” дар рӯзҳои оғози моҳи Рамазон дар бораи ҷоришавиии реҷаи 8 соатаи барқрасонӣ дар кишвар расман иттилоъ ба нашр расонида буд.
https://sputnik.tj/20240418/ob-barq-maktab-bungohi-tibbi-shahrak-sayhun-tanqis-video-1062536845.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/01/1032374123_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_8a8c3bfdfe05d706910dfcf8c7c2369a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, барқ, энергетика, маҳдудият, барқрасонӣ, сабукӣ, сокинон
тоҷикистон, суғд, барқ, энергетика, маҳдудият, барқрасонӣ, сабукӣ, сокинон
Аз 8 ба 18 соат: Дар навоҳии Суғд маҳдудияти барқрасонӣ сабуктар шудааст
15:40 28.04.2024 (Навсозишуда: 19:20 28.04.2024) Эксклюзив
Сокинон дар рустоҳои Суғд, ки ҳади ақал шаш моҳи охирро бо мушкили бебарқӣ пушти сар кардаанд, аз реҷаи нави барқрасонӣ хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Бино ба гуфти сокинон барқрасонӣ дар шаҳру навоҳии дурдасти вилояти Суғд аз 6 - 8 соати шабонарӯзии моҳҳои зимистону оғози фасли баҳор ҳоло ба 18 соат баробар шудааст.
Сӯҳроб Отаев, яке аз сокинони деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки реҷаи нав се рӯз ба ин тараф амал мекунад.
“Даҳ рӯзи пеш барқрасонӣ ба 10 соат ва тайи се рӯзи охир ин реҷаро ба 18 соат изофа намуданд. Ҳоло рӯзона пурра бо барқ таъмин ҳастем, вале шабона аз соати 23:00 то 05: 00 – и субҳ барқ қатъ мегардад” - зикр кард, сокини Деваштич.
Сокинон аз деҳоти навоҳии Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва шаҳрҳои Исфараву Конибодом ҳам дар бораи сабуктар шудани маҳдудияти барқрасонӣ хабар медиҳанд.
Як масъули ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Истаравшан” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо гарм шудани ҳарорати ҳаво имконияти барқрасонӣ бештар шудааст.
“Рӯзона пурра сокинон бо барқ таъмин ҳастанд. Мо кӯшиш мекунем, ки шабона ҳам барқ доимӣ шавад. Барои чоҳҳои амудӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ ҳам иҷзо шудааст, ки бо истифода аз барқ ба кор андохта шаванд” – гуфт, масъули идораи тақисмоти барқ.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳҳои сентябр соли 2023 дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои интиқоли барқ оғоз ёфт ва дар моҳи марти соли ҷорӣ ин лимити барқ сартосарӣ шуд.
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” сабаби пеш омадани ин мушкилро дар поин шудани ҳаҷми об обанбори нерӯгоҳи “Норак” тавзеҳ доданд.
Ахиран роҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” дар рӯзҳои оғози моҳи Рамазон дар бораи ҷоришавиии реҷаи 8 соатаи барқрасонӣ дар кишвар расман иттилоъ ба нашр расонида буд.