https://sputnik.tj/20240427/siyosatshinos-afghon-zelenskiy-taqdiri-ghani-1062653680.html
Сиёсатшиноси афғон: Зеленскийро тақдири Ғанӣ интизор аст
Сиёсатшиноси афғон: Зеленскийро тақдири Ғанӣ интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Ғарб дар пайравӣ аз мисоли Афғонистон ба таслими Украина ва ҳама муттаҳидонаш омодагӣ мегирад, изҳори боварӣ намуд сиёсатшиноси афғон 27.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-27T11:55+0500
2024-04-27T11:55+0500
2024-04-27T11:55+0500
украина
сиёсат
ашраф ғанӣ
фаъолият
владимир зеленский
коҳиш
рейтинг
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0d/1056430459_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_405208b21cabd9c689b3a1ac2ac93335.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский имкон дорад, нобуд карда шавад ё тақдири Ашраф Ғанӣ дар ӯ такрор шавад. Ин нуктаро сиёсатшинос, Муҳаммад Ҳаким Торсан дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон баён дошт. Ғарб бо пайравӣ аз Афғонистон ба таслими Украина ва ҳама муттаҳидонаш омодагӣ мегирад, гуфт ӯ. Дар ин ҳолат Зеленский метавонад аз Ғанӣ пайравӣ карда, ҳамватанони худро партофта, бо пул фирор кунад, имкон дорад кушта ҳам шавад, мегӯяд коршинос. "Ваъдаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Украина қаблан ба Афғонистон дода шуда буданд, мутаассифона, мо шоҳиди он будем, ки онҳо мардумро партофта, як созишномаи нангинро баставу фирор карданд",- гуфт Торсан.Ахиран сарвазири собиқи Украина, Николай Азаров изҳор дошт, ки бо поин рафтани рейтингаш Владимир Зеленский дар идораи Украина зӯрии бештар ба кор мебарад.Ба гуфтаи Азаров раёсати феълии Украина дучори буҳрони коҳиши дастгирии мардум шудааст."Зеленский бо мушкили поин рафтани рейтинги ҳукумат рӯбарӯ аст. Он ҳар моҳ мунтазам ва бемайлон поин меравад. Укроинҳо кайҳо боз тасвиб ва пуштибонӣ аз амалҳо ва қарорҳои режими Киевро бас кардаанд", - гуфт ӯ.Ахиран гурӯҳи пажуҳишии "Рейтинг" маълумоти пурсишро нашр кард, ки тибқи он шумораи сокинони Украина, ки аз фаъолияти Зеленский комилан розӣ ҳастанд, дар тӯли ду сол аз 74% то 22% коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20240426/ukraina-istifoda-abrams-amrikoi-1062639631.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0d/1056430459_0:0:2048:1537_1920x0_80_0_0_4028867b210fb5194ae236adee02d326.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, сиёсат , ашраф ғанӣ, фаъолият, владимир зеленский, коҳиш, рейтинг, дар ҷаҳон
украина, сиёсат , ашраф ғанӣ, фаъолият, владимир зеленский, коҳиш, рейтинг, дар ҷаҳон
Сиёсатшиноси афғон: Зеленскийро тақдири Ғанӣ интизор аст
Ғарб дар пайравӣ аз мисоли Афғонистон ба таслими Украина ва ҳама муттаҳидонаш омодагӣ мегирад, изҳори боварӣ намуд сиёсатшиноси афғон
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский имкон дорад, нобуд карда шавад ё тақдири Ашраф Ғанӣ дар ӯ такрор шавад.
Ин нуктаро сиёсатшинос, Муҳаммад Ҳаким Торсан дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон баён дошт.
Ғарб бо пайравӣ аз Афғонистон ба таслими Украина ва ҳама муттаҳидонаш омодагӣ мегирад, гуфт ӯ.
Дар ин ҳолат Зеленский метавонад аз Ғанӣ пайравӣ карда, ҳамватанони худро партофта, бо пул фирор кунад, имкон дорад кушта ҳам шавад, мегӯяд коршинос.
"Ваъдаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Украина қаблан ба Афғонистон дода шуда буданд, мутаассифона, мо шоҳиди он будем, ки онҳо мардумро партофта, як созишномаи нангинро баставу фирор карданд",- гуфт Торсан.
Ахиран сарвазири собиқи Украина, Николай Азаров изҳор дошт, ки бо поин рафтани рейтингаш Владимир Зеленский дар идораи Украина зӯрии бештар ба кор мебарад.
Ба гуфтаи Азаров раёсати феълии Украина дучори буҳрони коҳиши дастгирии мардум шудааст.
"Зеленский бо мушкили поин рафтани рейтинги ҳукумат рӯбарӯ аст. Он ҳар моҳ мунтазам ва бемайлон поин меравад. Укроинҳо кайҳо боз тасвиб ва пуштибонӣ аз амалҳо ва қарорҳои режими Киевро бас кардаанд", - гуфт ӯ.
Ахиран гурӯҳи пажуҳишии "Рейтинг" маълумоти пурсишро нашр кард, ки тибқи он шумораи сокинони Украина, ки аз фаъолияти Зеленский комилан розӣ ҳастанд, дар тӯли ду сол аз 74% то 22% коҳиш ёфтааст.