Олим Ширинов: Ғарб дар Тоҷикистон мустамлика мебинаду Русия мактаб месозад - видео

© SputnikОлим Ширинов
Олим Ширинов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Обуна шудан
Бар хилофи Ғарб, ки дар Тоҷикистон сарчашмаи маодини хом мебинад, Русия дар ин кишвар сармоя мегузорад, мактаб месозаду тарҳҳоро дастгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Русия бузургтарин сармоягузор дар Тоҷикистон аст, изҳор дошт рӯзноманигор ва соҳибкор, Олим Ширинов зимни як ҳамоиш дар Маскав.
"Русия барои мо мактабҳо месозад, беҳтарин омӯзгорон ва китобҳои дарсӣ ирсол мекунад. Дар бисёр лоиҳаҳо кумак мерасонад", - гуфт Олимов зимни ҳамоиш барои муаррифии созмони ғайритиҷоратии мусоидат ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии "Авруосиё".
Ӯ афзуд, ки кишварҳои ғарбӣ бояд кишварҳои Осиёи Марказиро танҳо як сарчашмаи ашёи хом мебинанд.
"Онҳо мустамликадор буданд ва боқӣ мемонанд: онҳо мехоҳанд, ки биёянд, бештар бигиранд, зуд берун кунанд, бидуни сармоягузорӣ," - гуфт рӯзноманигор ва соҳибкори тоҷик.
Бо овардани ду мисол Олим Ширинов таъкид намуд, ки бояд интихоби дурусти шарик бошад.
"Бояд худро эҳтиром кард, аммо дар зимн бояд ҷойгоҳро донист, ки кишварҳои кӯчак ҳамеша дар мадори манофеъ хоҳанд буд. Ин ҷо бояд интихоби дуруст кард, онеро туро истифода мекунад ё онеро, ки дастгират аст", - илова намуд ӯ.
Ташкилоти ғайритиҷоратии "Авруосиё", ки дар Маскав муаррифӣ шуд, ба ҷавонон, соҳибкорон, варзишгарон, ходимони фарҳанг, илму маориф ва намояндагони дигар соҳаҳое, ки кишварҳои пасошӯравиро муттаҳид мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0