Матвиенко аз тағйироти кадрӣ ва вазифаҳои ҳукумати нави Русия гуфт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкИнтервью Валентины Матвиенко гендиректору "России сегодня" Дмитрию Киселеву
Интервью Валентины Матвиенко гендиректору России сегодня Дмитрию Киселеву  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Обуна шудан
Вазифаи асосии ҳукумати нав иҷрои нақшаи шашсолаи рушди соҳибихтиёрии Русия ва раҳоӣ аз пойбандӣ ба воридот хоҳад буд, изҳор дошт раиси Шӯрои Федератсия
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Русия бояд ба соҳибихтиёрии технологӣ ноил шавад, гуфт раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко.
"Ба даст овардани истиқлолияти технологӣ яке аз самтҳои асосии рушд буда, ин вазифаи асосӣ, аз ҷумла рушди иқтисодиёти мо ва диверсификатсияи он аст", - гуфт Матвиенко дар суҳбат бо РИА "Новости".
Вай зикр намуд, ки дар пайи таҳримоти Ғарб дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла таъминоти озуқа ва саноати низомӣ Русия тавонист комилан ба таъминоти дохилӣ гузараду аз касе вобаста набошад дар ин бахшҳо.
"Яъне дар назар дорам, ки мо метавонем дар сохтмони нерӯгоҳҳои ҳастаӣ, дар сохтмони киштиҳои яхшикан пешсаф бошем, мо барои таъмини соҳибихтиёрии технологӣ тамоми имкониятҳоро дорем", - хулоса кард Матвиенко.
Депутат парламента и лидер Демократической партии Таджикистана Саиджафар Усмонзода. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2024
Вакили парлумони Тоҷикистон интихоботи президентии Русияро шарҳ дод
Дар мавриди тағйироти кадрӣ дар ҳукумати нави Русия изҳор дошт, ки чунин эҳтимолият вуҷуд дорад.
"Тағйироти кадрӣ дар ҳайати нави ҳукумати Русия имконпазир аст, аммо аслиаш ҳамоно боқӣ мемонад ва фаъолияти мӯътадилро идома медиҳад", - гуфт раиси Шӯрои Федератсия.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи март дар Русия интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар он раисиҷумҳури феълӣ Владимир Путин пирӯз шуд. Тибқи қонун ҳукумат дар рӯзи савганди раисиҷумҳури тозаинтихобшуда истеъфо медиҳад ва баъд аз он тартиби ташкили кобинаи нави вазирон сурат мегирад.
Тибқи меъёрҳои нави Конститутсия, Думаи давлатӣ раиси ҳукумат, муовинон ва вазирони ӯро тасдиқ мекунад ва президент раҳбарони вазорати корҳои дохилӣ, вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, вазорати дифоъ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлия баъди машварат бо Шӯрои Федератсия таъйин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0