Таърихсозии тими футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё - 2024: Ба сабқати ҷаҳонӣ мераванд

© Foto / Tajikistan Football Federation|Сборная Таджикистана по футзалу вышла в полуфинал Кубка Азии-2024
Сборная Таджикистана по футзалу вышла в полуфинал Кубка Азии-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Обуна шудан
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё - 2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд, иттилоъ дод Федератсияи футболи ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бар тими миллии Афғонистон пирӯз шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сабқат бо мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 2:1 анҷомид.
"Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфта, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд", - омадааст дар иттилоия.
Ҷоми ҷаҳон соли равон миёни мунтахабҳои футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Қаблан футзалбозони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо қаҳрамони феълии Осиё - Ҷопон зӯрозмоӣ карда, бозиро мусовӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд.
Марафон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2024
Эълони ғолибони ниммарафони дав дар Душанбе: Украина ва Узбекистон аввалинанд
Ҳамин тариқ дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи "С" мақоми аввалро касб карда, ба даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок роҳ ёфта буд.
Дар даври аввал тими миллии футзали Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 бар мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ пирӯз гардида, дар даври дуюм бо тими миллии Қирғизистон мусовӣ 2 бар 2 бозӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0