https://sputnik.tj/20240423/dushanbe-toshkand-rukhsatnoma-hangom-tranzit-laghv-1062603889.html
Душанбею Тошканд рухсатнома ҳангоми транзитро лағв карданиянд
Душанбею Тошканд рухсатнома ҳангоми транзитро лағв карданиянд
Sputnik Тоҷикистон
Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки ба истифодаи воситаи нақлиёти сабтшуда дар давлати дигар, зимни ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад
2024-04-23T15:05+0500
2024-04-23T15:05+0500
2024-04-23T16:22+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
интиқол
нақлиёт
ҳамлу нақл
рухсат
бор
транзит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/19/1031634983_0:196:2897:1826_1920x0_80_0_0_d77e49ab92f261ed95191945f30e608e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки протоколи тағйироти дахлдор ба созишнома бо Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ имзо шуд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки мувофиқи протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд. Низоми нав баъди тасвиби протокол аз ҷониби ҳарду давлат мавриди амал қарор мегирад, илова намуд Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.Мутобиқи созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, ки соли 2018 ба имзо расида буд, ҳангоми интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами мусофирон ва борҳо байни ду кишвар, аз ҷумла тавассути транзит аз қаламрави онҳо, рухсатнома талаб карда мешуд.Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлат дода мешавад ва он ба истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар қаламрави давлати дигар ба қайд гирифта шудааст, барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад, тавзеҳ дод манбаъ. Ба иттилои Вазорати нақлиёт, дар айни замон, ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистон, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, аз ҷумла бо транзит тавассути қаламрави онҳо бидуни рухсатнома амалӣ карда мешавад, ки ин имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад.
https://sputnik.tj/20240422/afzoish-gardish-musofiron-iiao-1062597961.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/19/1031634983_289:46:2897:2002_1920x0_80_0_0_8d819dbd90b34174a38c8350adebdbf5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созиш, ҳамл, нақл, маврид, душанбе, тошканд, нақлиёт
созиш, ҳамл, нақл, маврид, душанбе, тошканд, нақлиёт
Душанбею Тошканд рухсатнома ҳангоми транзитро лағв карданиянд
15:05 23.04.2024 (Навсозишуда: 16:22 23.04.2024) Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки ба истифодаи воситаи нақлиёти сабтшуда дар давлати дигар, зимни ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки протоколи тағйироти дахлдор ба созишнома бо Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ имзо шуд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки мувофиқи протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд.
Низоми нав баъди тасвиби протокол аз ҷониби ҳарду давлат мавриди амал қарор мегирад, илова намуд Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Мутобиқи созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, ки соли 2018 ба имзо расида буд, ҳангоми интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами мусофирон ва борҳо байни ду кишвар, аз ҷумла тавассути транзит аз қаламрави онҳо, рухсатнома талаб карда мешуд.
Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлат дода мешавад ва он ба истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар қаламрави давлати дигар ба қайд гирифта шудааст, барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад, тавзеҳ дод манбаъ.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, дар айни замон, ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистон, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, аз ҷумла бо транзит тавассути қаламрави онҳо бидуни рухсатнома амалӣ карда мешавад, ки ин имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад.