Душанбе дар Рӯзи пойтахт соҳиби ду меҳмонхона як корхонаи азими замонавӣ шуд

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2024
Обуна шудан
Биноҳоми наву замонавӣ, ки бо анъанавву таҷҳизоти замонавӣ сохта шудаанд, ба ифтихори рӯзи пойтахт боз шуданд, хабар медиҳад шаҳрдорӣ
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Президент ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе дар Рӯзи пойтахт меҳмонхонаи чорситорадори “Фирдавсӣ” ва меҳмонхонаи “Кангурт Грант Ҳотел” –ро ба истифода доданд.
Ҳамчунин онҳо корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик”-ро ифтитоҳ намуданд.
Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, меҳмонхонаи аввал чорситорадор, аз 22 ошёна иборат буда, имкон аст 250 нафар он ҷо соҳиби кор шаванд.
Дар меҳмонхонаи дигар имкони ҷо додани 154 меҳмон имконпазир буда, инчунин 84 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
“Кангурт Грант Ҳотел” аз 9 ошёна иборат буда, бо сабку усули хоси меъморӣ бунёд ёфтааст ва мутобиқи талаботи муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Гуфта мешавад, ки ҳарду меҳмонхона аз ҷониби соҳибкорон сохта шудааст.
Корхонаи коркарди пилла бошад, бо таҷҳизоти пешрафта сохта ва коркарди маҳсулот то сатҳи ниҳоӣ ба роҳ монда шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад.
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2024
Рустами Эмомалӣ сокинони Душанберо бо Рӯзи пойтахт табрик кард
Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Зимни муаррифии намунаи парвариши кирмак дар шароити анъанавӣ маълумот дода шудааст, ки ҳадаф аз барқароркунии тутзор дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар рушду равнақи соҳа мебошад.
ҶСК “Пиллаи тоҷик” аз коргоҳи хушккунии пилла, коркарди нах, коргоҳи басту банд, озмоишгоҳ, коргоҳи чопӣ, бофандагӣ, коргоҳи наддофӣ, хушкашӯйии матоъ, коргоҳи атласу адрас ва қолинбофии дастӣ иборат мебошад.
Иқтидори солонаи истеҳсоли абрешими наддофӣ зиёда аз 40 тонна ва истеҳсоли риштаи абрешим зиёда аз 60 тоннаро ташкил медиҳад. Абрешими омодашуда дар коргоҳи бофандагӣ ба матоъ табдил дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0