Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ ва шарҳи сармураббӣ

© Официальная страница М. Эргашева в FacebookМубин Эргашев. Архивное фото
Мубин Эргашев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2024
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон - U-23 нахустин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё - 2024 дар Давҳа бо шикаст анҷом дод
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тими Тоҷикистон дар оғози мусобиқа аз ғолиби феълии Ҷоми Осиё, тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд, иттилоъ дод ФФТ.
Бозӣ дар варзишгоҳи байналмилалии Халифаишаҳри Давҳа дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 байни бозигарони то 23-сола дар гурӯҳи "С" баргузор гардид.
Бозигарони саудӣ голи нахустинро дар дақиқаи 17-ум вориди дарвозаи Тоҷикистон намуданд. Футболбозони тоҷик дар дақиқаи 23-юм ҳисобро баробар карданд.
Дар дақиқаҳои иловагии даври аввал барандаи феълии Ҷоми Осиё боз пеш гузашту ҳисоб 2:1 шуд. Дар дақиқаи 55-ум голҳои тими Арабистони Саудӣ ба 3 расиданду чанде пас ба 4 баробар шуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает участие в церемонии открытия международного турнира Игры Будущего в Казани. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Роҳбари "Бозиҳои оянда": иштирокчиёни тоҷикистонӣ бо таассуроти нек баргаштанд
Тими Тоҷикистон голи дуюми хударо дар дақиқаи 64-ум ба ҳадаф расонду бозӣ бо ин ҳисоб поин ёфт.
Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев дар шарҳи натиҷаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 тими Арабистони Саудиро тавсифу табрик карда, афзуд, ки зарфияти бозигарони тоҷик низ барои сабқат бо онҳо кофӣ буд, аммо бархе дастурот иҷро нашуданд.
"Бачаҳои мо махсусан дар марҳилаи аввали бозӣ дастуротро начандон хуб иҷро карданду ба футболи кушод гузаштанд, ки бо тимҳое чун Арабистони Саудӣ мувофиқ нест", - гуфт сармураббӣ.
Вай шарҳ дод, ки фосила байни хати ҳимоя ва нимҳимоя зиёд буд, ки аз ин рақибон истифода бурданд. Камбудиҳоро дар бозӣ бо Ироқ ба назар мегирем, афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0