Муҳоҷирон дар Русия бо як патент метавонанд дар чанд минтақа кор кунанд

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкЦентр содействия мигрантам в Волгограде
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2024
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир тибқи қонунгузорӣ патент дар Русия барои кор дар як минтақа дода шуда, дар сурати кӯчидан ба минтақаи дигар таҳияи патенти нав зарур аст
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Вазорати молияи Русия тарҳи қонунеро таҳия кардааст, ки ба муҳоҷирони корӣ имкон медиҳад, ки якбора дар чанд минтақа бар асоси патент кор кунанд.
Тарҳи қонун дар пойгоҳи ҳуқуқӣ нашр шуда, бар асоси он кор бо як патент дар чанд музофот дар сурате имконпазир мешавад, ки мақомоти ин минтақаҳо бо ҳамдигар созишнома дошта бошанд.
Тағйироти марбута ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия", бо дастури нахуствазир Михаил Мишустин ва муовини нахуствазир Татяна Голикова, таҳия шудааст.
Дар сурати қабул шудани қонун, тағйироту иловаҳо пас аз як моҳи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунанд.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2024
Кор нест-патент нест: қоидаи нав барои муҳоҷирон дар Русия
Дар ҳоли ҳозир патенти меҳнатӣ барои кор танҳо дар як минтақа дода мешавад, коргари хориҷӣ ба минтақаи дигари Русия равад, бояд аз нав чунин ҳуҷҷатро бо муроҷиат мақомоти маҳаллии муҳоҷират таҳия кунад.
Дар Русия шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон аз гирифтани патент озоданд. Ҳамчунин онҳое низ, ки иҷозатномаи иқомат, аз ҷумла РВП ва ВНЖ-ро доранд, патент намегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ низ ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва бо патент кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0