Ифтитоҳи рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Душанбе - видео

Обуна шудан
Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои ӯзбек дар Кохи Наврӯзи Душанбе баргузор гардид. Чорабинии фарҳангӣ то 19 апрел идома хоҳад кард
Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Душанбе бо намоиши филми ҳунарии "Абдулло Орифов" оғоз гардид.
Дар маросими расмии ифтитоҳӣ, ҳайати ҳунармандону режисёрон ва намояндагони соҳаи кинои Ӯзбекистону зери навои оҳангу суруд ва садои карнаю сурнай пазироӣ карданд.
Дар доираи чорабинӣ ҳайати меҳмонон инчунин аз маҷмааи Кохи Наврӯз дидан карда, бо меъморӣ, кандакорию чубкории кох шинос шуданд.
Пешниҳоди Михалков барои баргузории ҷоизаи монанди Оскар
Тибқи барнома намоиши филмҳо дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб дар назар дошта шудааст.
Маросими расмии пӯшидашавии Рӯзҳои синамои узбек 19-уми апрели соли 2024 соати 18.00 дар кинотеатри "Ватан" бо намоиши филми ҳунарии "Зинда бод, ҳамсар!" сурат мегирад.
Интизор меравад, ки филмофарони Ӯзбекистон ҳамчунин аз шаҳру навоҳии Ҳисор, Ваҳдат, Варзоб ва ғайра боздид хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар назар аст, ҷаласаи комиссияи муштараки синамогарони Тоҷикистону Узбекистон доир ба таҳияи филмномаи филми ҳунарии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" доир гардида, филмнома мавриди таҳриру таҳлили пурра қарор дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0