https://sputnik.tj/20240416/isroil-hamla-tehron-posukh-k-vkkh-eron-1062488820.html
Агар Исроил дубора ҳамла кунад, Теҳрон баъди чанд сония посух хоҳад дод - ВКХ Эрон
Агар Исроил дубора ҳамла кунад, Теҳрон баъди чанд сония посух хоҳад дод - ВКХ Эрон
Sputnik Тоҷикистон
ВКХ гуфт, Исроил бояд бидонад, ки агар ба ҳамлаи Эрон ба қаламрави Исроил посух диҳад, Теҳрон на дар 12 рӯз, балки дар сонияҳо чораҳои ҷавобиро меандешад 16.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-16T12:50+0500
2024-04-16T12:50+0500
2024-04-16T12:50+0500
дар ҷаҳон
эрон
исроил
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1e/1060234499_0:0:975:548_1920x0_80_0_0_3e240f4d3324028ca3c722d433ecd1f5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷаи Эрон Алӣ Боқирӣ дар вокуниш ба гузоришҳо дар бораи иқдомоти эҳтимолии ҷавобии Исроил пас аз ҳамлаи Эрон изҳорот дод, менависад РИА Новости. Ба гуфтаи Боқирӣ, агар Тел-Авив ба ҳамлаи Эрон ба қаламрави Исроил посух диҳад, Теҳрон на дар 12 рӯз, балки дар сонияҳо чораҳои ҷавобиро меандешад. Шаби 14 апрел Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия дар авоили моҳи ҷорӣ ба хоки Исроил ҳамла кард. Дар ҳамла, ба гуфтаи манобеъи мухталиф, чандсад мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишини камикадзе ва мушакҳои гиперсадоӣ ширкат доштанд. Муовини вазир зикр кард, ки Исроил бо зарба задан ба консулгарии Эрон дар Димишқ иштибоҳи стратегӣ кард: барои Эрон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард, то тавоноии низомӣ ва дифоии худро ҷиддан озмоиш кунад.Дар робита ба ин, Боқирӣ бар ин назар аст, ки агар раҳбарияти Исроил ақл дошта бошад, "бояд кӯшиш кунад, ки хаторо ду бор такрор накунад". Тибқи иттилои артиши Исроил, Эрон дар маҷмӯъ беш аз 300 муҳимоти ҷангӣ ва ҳавопаймои бесарнишин, аз ҷумла тақрибан 170 ҳавопаймои бесарнишин, беш аз 30 мушаки болдор ва 120 мушаки баллистикӣ партоб кардааст. Дар баробари ин Тел-Авив изхор дошт, ки танҳо "якчанд мушакҳо" ба мамлакат расида, "зарари хурд" расондаанд. Дар ҳамин ҳол, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, гуфт, Теҳрон амалиёти "Ваъдаи ҳақиқӣ"-ро анҷом додааст ва қасди идомаи онро надорад, аммо агар Исроил чорае биандешад, амалиёти навбатии Эрон аз амалиёти қаблӣ бузургтар хоҳад буд.Вазири Исроил гуфт, ки ин кишвар қасд дорад эътилофи минтақаӣ алайҳи таҳдиди Эрон ва вокуниш ба ҳамла дар фурсати муносиб ва ба сурати муносиб бигирад. Интизор меравад, ки ҳукумати Исроил дар бораи иқдомоти минбаъда дар ояндаи наздик тасмим бигирад.
https://sputnik.tj/20240407/eron-ba-zarbai-isroil-posukh-khohad-1062372930.html
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1e/1060234499_0:0:732:549_1920x0_80_0_0_6e3610fbf65946b38df970e59e25c62b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, эрон, исроил, сиёсат
дар ҷаҳон, эрон, исроил, сиёсат
Агар Исроил дубора ҳамла кунад, Теҳрон баъди чанд сония посух хоҳад дод - ВКХ Эрон
ВКХ гуфт, Исроил бояд бидонад, ки агар ба ҳамлаи Эрон ба қаламрави Исроил посух диҳад, Теҳрон на дар 12 рӯз, балки дар сонияҳо чораҳои ҷавобиро меандешад
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷаи Эрон Алӣ Боқирӣ дар вокуниш ба гузоришҳо дар бораи иқдомоти эҳтимолии ҷавобии Исроил пас аз ҳамлаи Эрон изҳорот дод, менависад РИА Новости.
Ба гуфтаи Боқирӣ, агар Тел-Авив ба ҳамлаи Эрон ба қаламрави Исроил посух диҳад, Теҳрон на дар 12 рӯз, балки дар сонияҳо чораҳои ҷавобиро меандешад.
Шаби 14 апрел Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия дар авоили моҳи ҷорӣ ба хоки Исроил ҳамла кард.
Дар ҳамла, ба гуфтаи манобеъи мухталиф, чандсад мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишини камикадзе ва мушакҳои гиперсадоӣ ширкат доштанд.
"Саҳюнистҳо бояд бидонанд, ки ин дафъа онҳо 12 рӯз таъхир нахоҳад дошт", - таъкид намуд ӯ.
Муовини вазир зикр кард, ки Исроил бо зарба задан ба консулгарии Эрон дар Димишқ иштибоҳи стратегӣ кард: барои Эрон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард, то тавоноии низомӣ ва дифоии худро ҷиддан озмоиш кунад.
Дар робита ба ин, Боқирӣ бар ин назар аст, ки агар раҳбарияти Исроил ақл дошта бошад, "бояд кӯшиш кунад, ки хаторо ду бор такрор накунад".
Тибқи иттилои артиши Исроил, Эрон дар маҷмӯъ беш аз 300 муҳимоти ҷангӣ ва ҳавопаймои бесарнишин, аз ҷумла тақрибан 170 ҳавопаймои бесарнишин, беш аз 30 мушаки болдор ва 120 мушаки баллистикӣ партоб кардааст.
Дар баробари ин Тел-Авив изхор дошт, ки танҳо "якчанд мушакҳо" ба мамлакат расида, "зарари хурд" расондаанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, гуфт, Теҳрон амалиёти "Ваъдаи ҳақиқӣ"-ро анҷом додааст ва қасди идомаи онро надорад, аммо агар Исроил чорае биандешад, амалиёти навбатии Эрон аз амалиёти қаблӣ бузургтар хоҳад буд.
Вазири Исроил гуфт, ки ин кишвар қасд дорад эътилофи минтақаӣ алайҳи таҳдиди Эрон ва вокуниш ба ҳамла дар фурсати муносиб ва ба сурати муносиб бигирад.
Интизор меравад, ки ҳукумати Исроил дар бораи иқдомоти минбаъда дар ояндаи наздик тасмим бигирад.