Тоҷикистон метавонад аз Туркия бесарнишинҳо харад: Шералӣ Мирзо созишномаро шарҳ дод

© Foto / Turkish Aerospace IndustriesТурецкий беспилотник Anka-3. Иллюстративное фото
Турецкий беспилотник Anka-3. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2024
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагон созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркияро дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ - молиявӣ қабул намуд, ки имконоти ҷадидро фароҳам меорад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Вазири мудофиаи Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо созишномаи байниҳукуматӣ бо Тукрияро дар мавриди ҳамкориҳои ҳарбӣ - молиявӣ, ки ахиран парлумон тасвиб намуд, тавзеҳ дод.
Шералӣ Мирзо зимни шарҳи созишнома ба вакилон гуфт, тибқи муқаррароти он ҳукумати Туркия дар доираи маблағгузории солонаи буҷетӣ ба ҳукумати Тоҷикистон 50 млн лираи туркӣ бо қурби доллари ИМА-ро ҷудо мекунад.
Генерал гуфт, кумаки молиявии мазкур барои харидории молу хизмат­расониҳо аз ширкатҳои Туркия равона мегардад.
"Маблағи ҷудогардида метавонад барои харидории молҳо ва пардохти хизмат­расониҳои ширкату корхонаҳои Туркия зимни ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии дуҷониба истифода гардад", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазир.
Флаги государств, входящих в Организацию Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2024
СААД хатарҳо аз Аврупои Шарқӣ ва ҳифзи ҳавои Осиёи Миёнаро баррасӣ кард
Шералӣ Мирзо таъкид намудаст, ки татбиқи созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо Туркия мусоидат намуда, барои дастрас намудани силоҳу муҳимоти ҷангӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли ширкату корхонаҳои саноати мудофиавии ин кишвар имкон фароҳам меорад.
"Дар шароити афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир ва шиддат гирифтани зуҳуроти терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, тасдиқи созишномаи мазкур муҳим арзёбӣ мегардад", - гуфт ӯ.
Вай зикр намуд, ки созишномаи моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Истанбул имзо шуда, ба муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва барои навсозии нерӯҳои мусаллаҳ мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0