Сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи "Норак" афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Амир ИсаевНурекское водохранилище в Таджикистане
Нурекское водохранилище в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2024
Обуна шудан
Сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи барқи обии "Норак" аз сатҳи ҳадди аксар ҳудуди 50 метр камтар буда, дар қиёс бо нишондоди соли қаблӣ қариб 5 метр камтар аст
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи "Норак" назар ба ҳафтаҳои қаблӣ ҳудуди 0,29 метр боло рафтааст. Дар ин бора аз ширкати "Барқи тоҷик" ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи манобеъ дар рӯзҳои аввали моҳи апрел сатҳи обанбор 857,65 метрро ташкил медод.
“Ба ҳолати имрӯза сатҳи обанбори нерӯгоҳи "Норак" 858,44 метрро ташкил мекунад. Тағйирот ҳаст, ҳолати сатҳи оби обанбор рӯй ба беҳбудӣ оварда истодааст” - гуфтанд аз "Барқи тоҷик".
Дар Тоҷикистон умдатан нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад, ки аз сатҳи об дар дарёҳо ва обанборҳо вобаста мешавад. Қисмати бештари нерӯи барқ дар кишварро нерӯгоҳи "Норак" тавлид мекунад.
Феълан сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи барқи обии "Норак" аз сатҳи ҳадди аксар ҳудуди 50 метр камтар буда, дар қиёс бо нишондоди соли қаблӣ қариб 5 метр камтар аст.
Опора ЛЭП на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
ИИАО кор дар самти ташкили бозори муштараки энергетикиро идома медиҳад
Ҳамасола дар фасли сармо дар Тоҷикистон ба далели коҳиши воридоти обу афзоиши талабот маҳдудияти интиқоли барқ таъмин мегардад.
Дар нахустин рӯзи баҳор дар Тоҷикистон сокинони пойтахти кишвар низ дучори маҳдудияти интиқоли барқ гардиданд. Камбуди барқ, ки одатан хоси навоҳӣ буд, ба пойтахт ҳам расид.
Масъулин барқкуширо ба садама ва сарбории зиёд дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ рабт дода буданд.
Лентаи хабарҳо
0