https://sputnik.tj/20240413/tojikiston-qazoqiston-kumak-bashardustona-mefiristad-1062463093.html
Тоҷикистон ба Қазоқистон кумаки башардӯстона мефиристад
Тоҷикистон ба Қазоқистон кумаки башардӯстона мефиристад
Sputnik Тоҷикистон
Масъалаи ирсоли кумаки башардӯстона ба сокинони аз обхезӣ зарардида дар Қазоқистон зимни суҳбати телефонии презиентҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд
2024-04-13T10:32+0500
2024-04-13T10:32+0500
2024-04-13T11:37+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
сиёсат
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056856638_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_33ab277ea6cdaa08261e22de8ce1c61d.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқи худ Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.Бар хабари манбаъ, сарони ду давлат вазъи вобаста ба обхезии баҳориро дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон баррасӣ намуданд.Дар рафти суҳбат сарвари Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки пайомади офати табиӣ дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон дар кутоҳтарин фурсат бартараф мегардад.Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон бештар мешавадЗимнан, Раҳмон таъкид намуд, ки ҳукумати мамлакатро вазифадор намуд, то барои зарардидагон аз офати табиӣ дар Қазоқистон кумаки башардӯстона ҷамъоварӣ намуда, дар фурсати кӯтоҳ фиристода шавад.Кумак аз хӯрокворӣ ва маводи зарурии аввалия иборат хоҳад буд.Дар идома сарони давлатҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, азми тарафҳоро барои идомаи ҳамкории зичи ду кишвар дар қолабҳои гуногун таъкид намуданд.Дар рафти суҳбат ҳамзамон оид ба барномаи мулоқотҳои наздик дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор сурат гирифт.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056856638_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_db7dd9cf82e02903926f2b47c46cdaae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон кумаки башардӯстона
тоҷикистон қирғизистон кумаки башардӯстона
Тоҷикистон ба Қазоқистон кумаки башардӯстона мефиристад
10:32 13.04.2024 (Навсозишуда: 11:37 13.04.2024) Масъалаи ирсоли кумаки башардӯстона ба сокинони аз обхезӣ зарардида дар Қазоқистон зимни суҳбати телефонии презиентҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқи худ Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Бар хабари манбаъ, сарони ду давлат вазъи вобаста ба обхезии баҳориро дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон баррасӣ намуданд.
Дар рафти суҳбат сарвари Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки пайомади офати табиӣ дар як қатор минтақаҳои Қазоқистон дар кутоҳтарин фурсат бартараф мегардад.
Зимнан, Раҳмон таъкид намуд, ки ҳукумати мамлакатро вазифадор намуд, то барои зарардидагон аз офати табиӣ дар Қазоқистон кумаки башардӯстона ҷамъоварӣ намуда, дар фурсати кӯтоҳ фиристода шавад.
Кумак аз хӯрокворӣ ва маводи зарурии аввалия иборат хоҳад буд.
Дар идома сарони давлатҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, азми тарафҳоро барои идомаи ҳамкории зичи ду кишвар дар қолабҳои гуногун таъкид намуданд.
Дар рафти суҳбат ҳамзамон оид ба барномаи мулоқотҳои наздик дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор сурат гирифт.