Таърихи Тоҷикистон дар пули 1 сомонӣ

Обуна шудан
Дар паҳлӯи ҳамаи коғазҳои пули миллии Тоҷикистон аксҳои шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ оро дода шудааст
Дар руйи пули коғазии 1 сомонӣ тасвири шоири тоҷик Мирзо Турсунзода акс ёфтааст.
Ҳамчунин харитаи ҷаҳон бо наҳваи ҳудуди Тоҷикистон низ ҷо дода шудааст. Дар тарафи қафо бинои кӯҳнаи Бонки миллии Тоҷикистон тасвир шудааст. Ҳоло БМТ дар бинои баландошёнаи муосири Душанбе Плаза ҷойгир аст. Дар бинои кӯҳна танҳо як анбори захираи тилло ва асъор боқӣ мондааст.
Сомонӣ ба ифтихори асосгузор ва пешвои нахустин давлат дар қаламрави ҷумҳурии муосир, амири дуввуми Мовароуннаҳру Хуросон Исмоили Сомонӣ ном гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 Бонки миллии кишвар пулҳои коғазиро бо муҳофизати мукаммал аз қалбакӣ ҷорӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0