https://sputnik.tj/20240411/vao-nato-difo-rusiya-neru-nizomi-kofi-nadorad-1062439003.html
ВАО:НАТО барои дифоъ аз Русия нерӯи низомии кофӣ надорад
ВАО:НАТО барои дифоъ аз Русия нерӯи низомии кофӣ надорад
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ нақшаҳои нави низомии дифоъ аз Русияро таҳия мекунад, менависанд расонаҳои ғарбӣ
2024-04-11T14:57+0500
2024-04-11T14:57+0500
2024-04-11T17:13+0500
русия
нато
ҳимоя
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/05/1061938209_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_5ee30474f11f09769fa3632b9f39503a.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. НАТО барои муҳофизат аз Русия нерӯи кофӣ надорад, менависад маҷаллаи Foreign Policy."НАТО нақшаҳои нави низомии худро барои дифоъ аз ҳамлаи эҳтимолии Русия таҳия мекунад... Аммо барои дарёфти нерӯи кофӣ мубориза мебарад", - хабар медиҳад расона.Қайд мешавад, ки ҳатто бо пайвастани Финляндия ва Шветсия ба НАТО, ин паймон дар шимол ҳузури тавоно надорад.Ба навиштаи нашрия, ин мушкилот дар давоми аксари таърихи худ иттифоқро ба ташвиш овардааст. Масалан, то соли 2014 дар Аврупо ҳамагӣ тақрибан 30 000 сарбози амрикоӣ ҳузур доштанд. Он вақт Пентагон дар бораи он фикр мекард, ки чӣ гуна таассуроте ба вуҷуд оварад, ки гӯё шумораи ҳарбӣ 10 маротиба зиёдтар бошад. Ба гуфтаи як дипломати бидуни ном аз яке аз кишварҳои НАТО, паймон дар як вақт нерӯҳои мусаллаҳи худро фаромӯш кард ва тавре дид мешавад онҳо барои "бӯҳрони бузург" кофӣ нестанд. Дар солҳои охир Русия аз фаъолияти бесобиқаи НАТО дар марзҳои ғарбии худ хабар дод.НАТО ташаббусҳоро васеъ мекунад ва онро "ҷилавгирӣ аз таҷовузи Русия" меномад. Мавскав бошад, борҳо аз афзоиши нерӯҳои эътилоф дар Аврупо изҳори нигаронӣ кардааст. Кремл қайд кард, ки Федератсияи Русия ба касе таҳдид намекунад, аммо амалҳоеро, ки эҳтимолан ба манфиатҳои он хатарноканд, нодида нахоҳад гирифт. Маскав борҳо таъкид кардааст, ки НАТО ҳадафаш муқовимат аст. Тавре котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков таъкид кард, тавсеаи минбаъдаи иттиҳод амнияти бештаре ба Аврупо нахоҳад овард. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки Маскав ҳамчунон барои муколама бо НАТО боз аст, аммо дар асоси баробар, дар ҳоле ки Ғарб бояд аз ҷараёни низомисозии қитъа даст кашад. Қаблан президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон ба таври муфассал шарҳ дод, ки Маскав ба кишварҳои НАТО ҳамла карданӣ нест, ин маъно надорад. Раҳбари Русия қайд кард, ки сиёсатмадорони ғарбӣ мунтазам бо таҳдиди хаёлияшон дар бораи Русия аҳолии худро метарсонанд, то таваҷҷуҳро аз мушкилоти дохилӣ дур созанд, аммо "одамони оқил хуб мефаҳманд, ки ин дурӯғ аст". Путин афзуд, кишварҳои ғарбӣ фаҳмиданд, ки шикасти стратегии Русия дар низоъ бо Украина ғайриимкон аст, аз ин рӯ онҳо бояд дар бораи қадамҳои минбаъдаи худ андеша кунанд, дар ҳоле ки Федератсияи Русия барои муколама омода аст.
https://sputnik.tj/20240229/putin-az-payomadhoi-ehtimolii-mudokhilai-nato-hushdor-dod-1061881034.html
https://sputnik.tj/20240221/ukraina-nato-video-1061837290.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/05/1061938209_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_c1bf7f30374018bdb418207603ed71f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вао нато дифоъ русия низомӣ кофӣ
вао нато дифоъ русия низомӣ кофӣ
ВАО:НАТО барои дифоъ аз Русия нерӯи низомии кофӣ надорад
14:57 11.04.2024 (Навсозишуда: 17:13 11.04.2024) Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ нақшаҳои нави низомии дифоъ аз Русияро таҳия мекунад, менависанд расонаҳои ғарбӣ
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. НАТО барои муҳофизат аз Русия нерӯи кофӣ надорад, менависад маҷаллаи Foreign Policy.
"НАТО нақшаҳои нави низомии худро барои дифоъ аз ҳамлаи эҳтимолии Русия таҳия мекунад... Аммо барои дарёфти нерӯи кофӣ мубориза мебарад", - хабар медиҳад расона.
Қайд мешавад, ки ҳатто бо пайвастани Финляндия ва Шветсия ба НАТО, ин паймон дар шимол ҳузури тавоно надорад.
Ба навиштаи нашрия, ин мушкилот дар давоми аксари таърихи худ иттифоқро ба ташвиш овардааст. Масалан, то соли 2014 дар Аврупо ҳамагӣ тақрибан 30 000 сарбози амрикоӣ ҳузур доштанд.
Он вақт Пентагон дар бораи он фикр мекард, ки чӣ гуна таассуроте ба вуҷуд оварад, ки гӯё шумораи ҳарбӣ 10 маротиба зиёдтар бошад.
Ба гуфтаи як дипломати бидуни ном аз яке аз кишварҳои НАТО, паймон дар як вақт нерӯҳои мусаллаҳи худро фаромӯш кард ва тавре дид мешавад онҳо барои "бӯҳрони бузург" кофӣ нестанд.
Дар солҳои охир Русия аз фаъолияти бесобиқаи НАТО дар марзҳои ғарбии худ хабар дод.
НАТО ташаббусҳоро васеъ мекунад ва онро "ҷилавгирӣ аз таҷовузи Русия" меномад. Мавскав бошад, борҳо аз афзоиши нерӯҳои эътилоф дар Аврупо изҳори нигаронӣ кардааст.
Кремл қайд кард, ки Федератсияи Русия ба касе таҳдид намекунад, аммо амалҳоеро, ки эҳтимолан ба манфиатҳои он хатарноканд, нодида нахоҳад гирифт.
Маскав борҳо таъкид кардааст, ки НАТО ҳадафаш муқовимат аст. Тавре котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков таъкид кард, тавсеаи минбаъдаи иттиҳод амнияти бештаре ба Аврупо нахоҳад овард.
Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки Маскав ҳамчунон барои муколама бо НАТО боз аст, аммо дар асоси баробар, дар ҳоле ки Ғарб бояд аз ҷараёни низомисозии қитъа даст кашад.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон ба таври муфассал шарҳ дод, ки Маскав ба кишварҳои НАТО ҳамла карданӣ нест, ин маъно надорад.
Раҳбари Русия қайд кард, ки сиёсатмадорони ғарбӣ мунтазам бо таҳдиди хаёлияшон дар бораи Русия аҳолии худро метарсонанд, то таваҷҷуҳро аз мушкилоти дохилӣ дур созанд, аммо "одамони оқил хуб мефаҳманд, ки ин дурӯғ аст".
Путин афзуд, кишварҳои ғарбӣ фаҳмиданд, ки шикасти стратегии Русия дар низоъ бо Украина ғайриимкон аст, аз ин рӯ онҳо бояд дар бораи қадамҳои минбаъдаи худ андеша кунанд, дар ҳоле ки Федератсияи Русия барои муколама омода аст.