https://sputnik.tj/20240411/pisar-rahbar-hamos-hamlai-isroil-ghazza-kushta-1062431678.html
Се писари раҳбари Ҳамос дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза кушта шуданд
Се писари раҳбари Ҳамос дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза кушта шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Исроил дар навори Ғаза се писари раиси дафтари сиёсии Ҳамос кушта шуданд. Нерӯҳои Исроил ин хабарро тасдиқ карданд
2024-04-11T10:44+0500
2024-04-11T10:44+0500
2024-04-11T10:57+0500
исроил
фаластин
ҳамос
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0c/1061663646_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_2dbc1535317a7ed4c3a8210f6f399806.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Се писари раиси Дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос Фаластин, ки дар навори Ғазза ҳукмрон аст, Исмоил Ҳания бар асари ҳамлаи Исроил ба Ғазза кушта шуданд.Дар ин бора шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира хабар медиҳад. Ҳания дар як сӯҳбати телефонӣ бо шабакаи Al Jazeera гуфтааст, ки писаронаш Ҳозим, Амир ва Муҳаммад ва ду наберааш ба аёдати хешовандонаш дар шимоли анклав рафта буданд ва дар он ҷой ба шаҳодат расиданд.Моҳи ноябри соли 2023 дар бораи марги набераи Ҳания хабар дода шуд.Худи Ҳания дар шарҳи марги писаронаш гуфт, ки ин ба талабҳои ҷунбиш барои оташбас дар навори Ғазза таъсир нахоҳад дошт. Ӯ дар баёнияе, ки дар пайи хабари марги писарон ва наберагонаш нашр шуд, таъкид кардааст, ки дар солҳои муқовимат бо Исроил ҳудуди 60 нафар аз наздикони ӯ ҷон бохтаанд.Муноқишаи Фаластину ИсроилЁдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бомбандозӣ ба хуну хок кашид.Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20240326/qatnoma-smm-otashbas-ramazon-ghazza-khashm-isroil-1062219557.html
https://sputnik.tj/20240407/eron-ba-zarbai-isroil-posukh-khohad-1062372930.html
исроил
фаластин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0c/1061663646_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_fef919c4154546b1c56ea2a5ca2f3376.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
писарон раҳбар ҳамос ҳамла исроил ғазза кушта
писарон раҳбар ҳамос ҳамла исроил ғазза кушта
Се писари раҳбари Ҳамос дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза кушта шуданд
10:44 11.04.2024 (Навсозишуда: 10:57 11.04.2024) Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Исроил дар навори Ғаза се писари раиси дафтари сиёсии Ҳамос кушта шуданд. Нерӯҳои Исроил ин хабарро тасдиқ карданд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Се писари раиси Дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос Фаластин, ки дар навори Ғазза ҳукмрон аст, Исмоил Ҳания бар асари ҳамлаи Исроил ба Ғазза кушта шуданд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира хабар медиҳад.
"Се писар ва чанд набераи раиси Бюрои сиёсии Ҳамос Исмоил Ҳания ҳангоми тирборони Исроил ба Ғазза кушта шуданд", - омадааст дар изҳороти телевизион.
Ҳания дар як сӯҳбати телефонӣ бо шабакаи Al Jazeera гуфтааст, ки писаронаш Ҳозим, Амир ва Муҳаммад ва ду наберааш ба аёдати хешовандонаш дар шимоли анклав рафта буданд ва дар он ҷой ба шаҳодат расиданд.
Моҳи ноябри соли 2023 дар бораи марги набераи Ҳания хабар дода шуд.
Худи Ҳания дар шарҳи марги писаронаш гуфт, ки ин ба талабҳои ҷунбиш барои оташбас дар навори Ғазза таъсир нахоҳад дошт.
Ӯ дар баёнияе, ки дар пайи хабари марги писарон ва наберагонаш нашр шуд, таъкид кардааст, ки дар солҳои муқовимат бо Исроил ҳудуди 60 нафар аз наздикони ӯ ҷон бохтаанд.
Муноқишаи Фаластину Исроил
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бомбандозӣ ба хуну хок кашид.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.