Дар Хуҷанд корхонаи равғанкашӣ боз шуд: равған арзон мешавад?

© Flickr / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон ввел в эксплуатацию нефтеперерабатывающий завод в Худжанде
Эмомали Рахмон ввел в эксплуатацию нефтеперерабатывающий завод в Худжанде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2024
Обуна шудан
Корхонаи нав дар вилояти Суғд имкони тавлиди то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ дар як солро дорад ва дар оянда нақша аст, ки ба хориҷ низ содир кунад
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар Хуҷанд заводи равган ба истифода дода шуд.
Ифтитоҳи он дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Корхонаи нав истеҳсоли пахта ва равғани офтобпараст буда, имкони истеҳсоли то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ дар як солро дорад.
Маҳсулоти ниҳоии корхона пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона карда шуда, дар оянда ба хориҷи кишвар содироти он ба нақша гирифта шудааст.
Бутылки с подсолнечным маслом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2024
Барои истеҳсолкунандаҳо дар Тоҷикистон сабукиҳои нави андозӣ мавриди амал қарор гирифтанд
Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна пахта ва тухми офтобпарастро коркард намуда, аз онҳо маҳсулоти ниҳоии хушсифат истеҳсол ва ба бозор пешниҳод намояд.
Он аз аз ашёи хоми маҳаллӣ ва воридотӣ истифода мебарад.
Дар истеҳсоли равғани пахта ашёи хоми маҳаллӣ пурра дар дохили кишвар коркард шуда, ба маҳсулоти ниҳоӣ тамғаи "Дар Тоҷикистон сохта шудааст" гузошта мешавад.
Маҳсулоти тайёри корхона дар зарфҳои гуногуни пластикӣ баста шуда, пешкаши харидорон мегардад.
Бояд гуфт, ки зарфҳои пластикӣ ба корхона дар шакли маҳсулоти нимтайёр низ меоянд ва бо истифода аз дастгоҳҳои замонавии борпечкунӣ дар сехи алоҳида омода карда мешаванд.
Дар корхона 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0