https://sputnik.tj/20240410/tavlidoti-sanoati-iiao-afzoish-1062420791.html
Тавлидоти саноатӣ дар ИИАО афзоиш ёфтааст
Тавлидоти саноатӣ дар ИИАО афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ аз ҷумла дар Арманистон қариби 29%, Қирғизистон - 8%, Беларус ва Русия ҳудуди 7% ва Қазоқистон қариби 5% ба қайд гирифта шудааст
2024-04-10T15:53+0500
2024-04-10T15:53+0500
2024-04-10T15:53+0500
ииао
иттиҳоди иқтисодии уросиё
авруосиё
саноат
узв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061204390_0:217:2870:1831_1920x0_80_0_0_d5726214f16972c7676b8e1a81bd6572.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар моҳҳои январ-феврали соли равон афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ҳаҷми афзоиш нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли гузашта 6,6%-ро ташкил дод. "Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи кишварҳои узв: дар Арманистон – 28,9%, Қирғизистон – 7,8%, Беларус – 7,1%, Русия – 6,6% ва Қазоқистон – 4,6% ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоия. Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми истеҳсолот дар саноати кӯҳӣ ва истихроҷи маъдан дар ИИАО ҳудуди 1,5%, саноати коркард беш аз 10%, таъминоти барқ, газ, буғ ва ҳавотозакунӣ - 5,7%, обтаъминкунӣ, канализатсия, назорати ҷамъоварӣ ва тақсимоти партовҳо - 4,6%-ро ташкил дод. Маврид ба зикр аст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар даҳ соли охир афзоиш ёфта, соли гузашта ба $2,4 трлн баробар шуд.Ба иттилои КИАО, табодули коло байни кишварҳои аъзо қариб ду баробар афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол савдои хориҷӣ 60% зиёд шудааст.Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.
https://sputnik.tj/20240409/zakrevskiy-bartariyat-bozori-mushtaraki-energetikii-iiao-1062401658.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061204390_70:0:2801:2048_1920x0_80_0_0_e811f1f36cc9cf2ed45fb92bc649d57e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саноат, иқтисодӣ, ииао, чӣ, қадар, афзоиш
саноат, иқтисодӣ, ииао, чӣ, қадар, афзоиш
Тавлидоти саноатӣ дар ИИАО афзоиш ёфтааст
Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ аз ҷумла дар Арманистон қариби 29%, Қирғизистон - 8%, Беларус ва Русия ҳудуди 7% ва Қазоқистон қариби 5% ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар моҳҳои январ-феврали соли равон афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ҳаҷми афзоиш нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли гузашта 6,6%-ро ташкил дод.
"Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи кишварҳои узв: дар Арманистон – 28,9%, Қирғизистон – 7,8%, Беларус – 7,1%, Русия – 6,6% ва Қазоқистон – 4,6% ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми истеҳсолот дар саноати кӯҳӣ ва истихроҷи маъдан дар ИИАО ҳудуди 1,5%, саноати коркард беш аз 10%, таъминоти барқ, газ, буғ ва ҳавотозакунӣ - 5,7%, обтаъминкунӣ, канализатсия, назорати ҷамъоварӣ ва тақсимоти партовҳо - 4,6%-ро ташкил дод.
Маврид ба зикр аст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар даҳ соли охир афзоиш ёфта, соли гузашта ба $2,4 трлн баробар шуд.
Ба иттилои КИАО, табодули коло байни кишварҳои аъзо қариб ду баробар афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол савдои хориҷӣ 60% зиёд шудааст.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.
Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.