Эълони се рӯзи роҳбандиҳо дар Суғд: Кай ва дар кадом масирҳо?

© Sputnik / Стас ЭтвешСотрудник милиции в Таджикистане
Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2024
Обуна шудан
Давоми се рӯзи оянда ба далели таъмини бехатарии ҳаракати меҳмонони баландпоя дар роҳу кӯчаҳои баъзе шаҳру навоҳии Суғд маҳдудияти ҳаракат амал хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Мақомоти БДА дар вилояти Суғд сабаби роҳбандиҳоро шарҳ дода аз шаҳрвандон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт даъват намудааст, ки дар ин рӯзҳо аз тариқи роҳҳои ҳамшафат ҳаракат кунанд.
Ба иттилоъи манбаъ дар ин рӯзҳо сафари кории меҳмонони олимақом ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба эълони БДА, ки нусхаи он ба дасти Sputnik Тоҷикистон расид, роҳбандиҳо аз 9 апрел шурӯъ шуда, то 11 апрел идома мекунанд.
Аз ҷумла санаи 9 апрел ҳаракат дар кӯчаҳои ба номи Лоиқ Шералӣ ва Хабилови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи автомобилгарди Деҳмой – Конибодом, кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Бобоҷон Ғафуров, Фотеҳ Ниёзӣ дар шаҳри Бӯстон. Роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Ғафуров ва кӯчаи марказии шаҳри Гулистон маҳдуд мешавад.
Эмомали Рахмон прилетел в Согд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2024
Сафари президент дар Суғд аз чӣ оғоз шуд?
Дар феҳрасти роҳбандиҳои санаи 10 апрел хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Истиқлолият ва Гагарини шаҳри Истаравшан то роҳи ҷамоати Гули Сурх зикр шудаанд.
Рӯзи 11 апрел дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди ҷамоати Дадобой Холматов - Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои маҳаллаи Чашмаи арзана, 60 - солагии октябр, Султон Умаров, Раҳим Ҷалил, Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ходженский, Танбурӣ, Солеҳ Раҷабови шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгари Хуҷанд – Ғафуров маҳдуд карда мешавад.
БДА-и Суғд бо нашри ин иттилоия аз ҳамаи ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт хоҳиш намудааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои зикргардида аз тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.
Қарор аст дар доираи сафари меҳмонон аз пойтахти кишвар як зумра иншооти тозабунёд дар шаҳру навоҳии Суғд, аз ҷумла Қалъаи Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0