https://sputnik.tj/20240406/dushanbev-seul-khatsayr-mustaqim-boz-1062363796.html
Миёни Душанбеву Сеул имкон аст хатсайри мустақим боз шавад
Миёни Душанбеву Сеул имкон аст хатсайри мустақим боз шавад
Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи ин хатсайри мустақим равобити ду кишварро дар бахшҳои мухталиф таҳким хоҳад дод, мегӯяд ширкати "Сомон Эйр"
2024-04-06T14:55+0500
2024-04-06T14:55+0500
2024-04-06T14:55+0500
"сомон эйр"
дар тоҷикистон
корея
хатсайр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133908_0:137:3072:1865_1920x0_80_0_0_229b0bc7181e235473aec2773499d22d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ метавонанд парвози мустақимро оғоз кунанд. Дар ин бора дар мулоқоти Абдулқосим Валиев, мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Душанбе Квон Донг Сок матраҳ шуд. Мавзӯи аслии музокирот имкони ифтитоҳи хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе буд, афзудааст манбаъ.Ҷонибҳо қайд карданд, ки ифтитоҳи ин масир равобити ду кишварро дар соҳаҳои гуногун таҳким мебахшад. Ба гуфтаи Валиев, ширкати ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон бо баррасии механизмҳои мухталифи анҷоми парвоз омода аст, барои ифтитоҳи ин парвоз тамоми талошро ба харҷ диҳад.Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" шаҳодатномаи бомуваффақият анҷом додани аудити навбатии IOSA (аудити бехатарии фаъолияти Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ IATA) гирифт. Ҳуҷҷат то 20 марти соли 2026 эътибор дорад. Гузариш аз аудити IOSA ба шумо мақоми як интиқолдиҳандаи байналмилалии ҳавоии бехатарро медиҳад. Имрӯз ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳо анҷом медиҳад. Парки ин ширкат ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900-ро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20240403/parvoz-miyoni-tojikiston-qazoqiston-ziyod-1062314037.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133908_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_9fdfa05a911333161666e5f7ab90f528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбев сеул хатсайр мустақим
душанбев сеул хатсайр мустақим
Миёни Душанбеву Сеул имкон аст хатсайри мустақим боз шавад
Ифтитоҳи ин хатсайри мустақим равобити ду кишварро дар бахшҳои мухталиф таҳким хоҳад дод, мегӯяд ширкати "Сомон Эйр"
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ метавонанд парвози мустақимро оғоз кунанд.
Дар ин бора дар мулоқоти Абдулқосим Валиев, мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Душанбе Квон Донг Сок матраҳ шуд.
Мавзӯи аслии музокирот имкони ифтитоҳи хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе буд, афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки ифтитоҳи ин масир равобити ду кишварро дар соҳаҳои гуногун таҳким мебахшад.
Ба гуфтаи Валиев, ширкати ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон бо баррасии механизмҳои мухталифи анҷоми парвоз омода аст, барои ифтитоҳи ин парвоз тамоми талошро ба харҷ диҳад.
Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" шаҳодатномаи бомуваффақият анҷом додани аудити навбатии IOSA (аудити бехатарии фаъолияти Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ IATA) гирифт.
Ҳуҷҷат то 20 марти соли 2026 эътибор дорад. Гузариш аз аудити IOSA ба шумо мақоми як интиқолдиҳандаи байналмилалии ҳавоии бехатарро медиҳад.
Имрӯз ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳо анҷом медиҳад. Парки ин ширкат ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900-ро дар бар мегирад.