https://sputnik.tj/20240403/khunsupori-nizomiyon-rusiya-tojikiston-1062321126.html
Хунсупории низомиёни Русия барои сокинони ниёзманди Тоҷикистон
Хунсупории низомиёни Русия барои сокинони ниёзманди Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Чорабинии хайриявӣ дар ҳудуди госпитали ҳарбии 451-и Вазорати дифои Русия баргузор шуд ва дар он беш аз 100 нафар низомиён ширкат варзиданд
2024-04-03T14:58+0500
2024-04-03T14:58+0500
2024-04-03T15:00+0500
дар русия
пойгоҳи 201
низомӣ
иҷтимоъ
анъана
хун
муассиса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/03/1062314665_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e506f3c4607f79881281552b7983d624.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳаст, ихтиёран барои сокинони бемори ниёзманди ҷумҳурӣ хун супурданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Вазорати мудофиаи Русия хабар дод. Тартиби хайрия дар ҳудуди госпитали ҳарбии 451-и Вазорати дифои Русия ташкил шудааст.Ба ин мақсад Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустии Точикистон ду лабораторияи сайёр ҷудо кардааст. Онҳо барои муайян кардани гурӯҳи хун, инчунин барои гузаронидани таҳлили фаврии мавҷудияти сироятҳо таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ доранд. Қайд карда мешавад, ки нуқтаҳои сайёри хунгузаронӣ бо ҳама чизҳои зарурӣ таъмин буда, раванд комилан бехатар буда, то 15 дақиқа тӯл мекашад ва ин имкон медиҳад, ки як даста дар як шабонарӯз то 100-120 донорро қабул кунад.Дар маъракаи хунсупорӣ зиёда аз 100 нафар низомиёни пойгоҳи низомии 201-ум иштирок намуда, барои эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва тамоми ҷумҳурӣ 350 миллилитр хун супурданд. Чорабиниҳои хайриявӣ барои хунсупории низомиёни Русия ба як анъанаи нек табдил ёфта, ҳамасола пайваста баргузор мешаванд.
https://sputnik.tj/20240308/nizomiyoni-rusiya-tabriki-zanoni-sobiqador-1061976463.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/03/1062314665_273:0:3004:2048_1920x0_80_0_0_252ca1cc35183c5699f36c8994e2be47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хунсупорӣ, низомиён, тоҷикистон, русия, ҳарбӣ, ширкат
хунсупорӣ, низомиён, тоҷикистон, русия, ҳарбӣ, ширкат
Хунсупории низомиёни Русия барои сокинони ниёзманди Тоҷикистон
14:58 03.04.2024 (Навсозишуда: 15:00 03.04.2024) Чорабинии хайриявӣ дар ҳудуди госпитали ҳарбии 451-и Вазорати дифои Русия баргузор шуд ва дар он беш аз 100 нафар низомиён ширкат варзиданд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳаст, ихтиёран барои сокинони бемори ниёзманди ҷумҳурӣ хун супурданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
Тартиби хайрия дар ҳудуди госпитали ҳарбии 451-и Вазорати дифои Русия ташкил шудааст.
Ба ин мақсад Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустии Точикистон ду лабораторияи сайёр ҷудо кардааст.
Онҳо барои муайян кардани гурӯҳи хун, инчунин барои гузаронидани таҳлили фаврии мавҷудияти сироятҳо таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ доранд.
Қайд карда мешавад, ки нуқтаҳои сайёри хунгузаронӣ бо ҳама чизҳои зарурӣ таъмин буда, раванд комилан бехатар буда, то 15 дақиқа тӯл мекашад ва ин имкон медиҳад, ки як даста дар як шабонарӯз то 100-120 донорро қабул кунад.
Дар маъракаи хунсупорӣ зиёда аз 100 нафар низомиёни пойгоҳи низомии 201-ум иштирок намуда, барои эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва тамоми ҷумҳурӣ 350 миллилитр хун супурданд.
Чорабиниҳои хайриявӣ барои хунсупории низомиёни Русия ба як анъанаи нек табдил ёфта, ҳамасола пайваста баргузор мешаванд.