Тоҷикистон ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқро қатъиян маҳкум кард

© SputnikЗдание МИД Таджикистана
Здание МИД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Обуна шудан
Теҳрон ҳамлаи ҳавоӣ ба консулгарии Эрон дар Сурияро амали террористии Исроил хонда, афзуд, ки онро беҷавоб нахоҳад гузошту аз СММ маҳкумияти онро талаб кард
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ зарбаи ҳавоӣ ба Консулгарии Эрон Димишқи Сурия қатъиян маҳкум кардааст, ки дар натиҷаи он чандин нафар кушта ва захмдор гаштаанд.
"Мо чунин амалҳоро, ки вайрон кардани ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла конвенсияҳои Вена мебошанд, комилан ғайри қобили қабул мешуморем", - омадаааст дар изҳори ВУХ.
Ҳамлаи Исроил ба консулгарии генералии Эрон дар Димишқ беҷавоб нахоҳад монд, гуфт раисҷумҳурии исломии Эрон, Иброҳим Раисӣ.
Ба иттилои хабаргузории Tasnim, раисҷумҳури Эрон таъкид намуд, ки Исроил бояд дарк кунад, ки бо чунин амалҳои ғайриинсонӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои нопоки худ намерасад ва шоҳиди таҳкими муқовимат хоҳад шуд.
Вай ҳушдор дод, ки "ин ҷинояти тарсуёнаи Исроил беҷавоб намемонад".
На заседании Совета Безопасности ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Қатъномаи СММ дар бораи оташбаси рамазонӣ дар Ғазза хашми Исроилро ба миён овард
Бар асоси изҳороти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, дар ҳамлаи исроилӣ ҳафт афсари ин ниҳод, аз ҷумла ду мушовири аршади генералӣ - Муҳаммадризо Зоҳидӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудс дар Сурия ва Лубнон ва ҷонишини у генерал Муҳаммад Раҳимӣ кушта шудаанд.
Интизор меравад, ки Шӯрои амнияти СММ нишасти ғайринавбатӣ дар робита ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эронро баргузор мекунад.
Дар пайи ин ҳамла бинои консулгарӣ дар Димишқ аз зарбаҳои мушакҳо пурра хароб шудаст.
Вазорати умури хориҷаи Эрон аз Созмони ҳамкориҳои исломӣ хост, ки алайҳи Исроил тадобири фаврӣ биандешад. Теҳрон таъкид намудаст, ки ҳаққи ҷавоби қатъӣ ба ин зарбаи Исроилро дорад.
Дар ҷавоб дар Эрон ҳамоиши эътирозӣ баргузор шуда, парчамҳои Амрико ва Исроилро оташ заданд.
Лентаи хабарҳо
0