https://sputnik.tj/20240402/shoygu-talafoti-ukraina-avvali-sol-elon-1062307695.html
Шойгу талафоти Украина аз аввали солро эълон кард
Шойгу талафоти Украина аз аввали солро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷмӯъ, аз аввали сол 403 км мураббаъ аз қаламрави минтақаҳои нави Русия озод карда шуда, пешрафт дар самти ғарб идома дорад, гуфт вазир
2024-04-02T17:25+0500
2024-04-02T17:25+0500
2024-04-02T18:54+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
зарба
ҳамлаи хунин
донбасс
сергей шойгу
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062310408_0:0:2655:1494_1920x0_80_0_0_3bdab13f32b268ffa8c94984f22532d1.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз аввали сол беш аз 80 ҳазор нафарро ташкил дод, изҳор дошт вазири дифои Русия, Сергей Шойгу дар мулоқот бо раҳбарияти нерӯҳои мусаллаҳи Украина. "Аз моҳи январ инҷониб Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 80 ҳазор нафар низомиён, 14 ҳазор воҳиди аслиҳаи гуногун, аз ҷумла беш аз 1200 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангиро аз даст додаанд", - гуфт вазири дифоъ. Ӯ таъкид намуд, ки баъд аз барбод рафтани ҳуҷуми ҷавобии тобистонӣ душман барои дар хатхои муайян нигоҳ доштани мавқеъ талош дорад. Артиши Русия ба танг кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти ғарб идома медиҳад, афзуд ӯ. Танҳо дар моҳи март Невелское, Орловка, Тоненкое, Красное, инчунин минтақаи Мирноеи вилояти Запороже озод карда буд, афзуд вазир. "Дар маҷмӯъ, аз аввали сол 403 километри мураббаъ аз қаламрави минтақаҳои нави Русия таҳти назорати мо қарор гирифт. Мо коҳиш додани иқтидори ҷангии душманро идома медиҳем", - таъкид кард Шойгу. Ба хотири итминон додани Ғарб ба тавоноии муқовимат ба артиши Русия, Киев талош дорад, амалиёти низомиро ба қаламрави Русия интиқол диҳад, ҳамлаҳои террористӣ ташкил кунад ва мардуми осоиштаро тирборон кунад, гуфт вазир. Вай таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия вокуниши асимметрӣ медиҳанду зарбаҳои густарда ба нерӯҳои Украина заданд. Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20240331/tupkhona-rusiya-anbor-neruhoi-ukraina-1062276696.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062310408_93:0:2442:1762_1920x0_80_0_0_9bb34bd71393652b1e27fd29d498b458.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешрафт, украина, русия, пешрафт, озод, мураббаъ
пешрафт, украина, русия, пешрафт, озод, мураббаъ
Шойгу талафоти Украина аз аввали солро эълон кард
17:25 02.04.2024 (Навсозишуда: 18:54 02.04.2024) Дар маҷмӯъ, аз аввали сол 403 километри мураббаъ аз қаламрави минтақаҳои нави Русия озод карда шуда, пешрафт дар самти ғарб идома дорад, гуфт вазир
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз аввали сол беш аз 80 ҳазор нафарро ташкил дод, изҳор дошт вазири дифои Русия, Сергей Шойгу дар мулоқот бо раҳбарияти нерӯҳои мусаллаҳи Украина.
"Аз моҳи январ инҷониб Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 80 ҳазор нафар низомиён, 14 ҳазор воҳиди аслиҳаи гуногун, аз ҷумла беш аз 1200 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангиро аз даст додаанд", - гуфт вазири дифоъ.
Ӯ таъкид намуд, ки баъд аз барбод рафтани ҳуҷуми ҷавобии тобистонӣ душман барои дар хатхои муайян нигоҳ доштани мавқеъ талош дорад.
Артиши Русия ба танг кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти ғарб идома медиҳад, афзуд ӯ.
Танҳо дар моҳи март Невелское, Орловка, Тоненкое, Красное, инчунин минтақаи Мирноеи вилояти Запороже озод карда буд, афзуд вазир.
"Дар маҷмӯъ, аз аввали сол 403 километри мураббаъ аз қаламрави минтақаҳои нави Русия таҳти назорати мо қарор гирифт. Мо коҳиш додани иқтидори ҷангии душманро идома медиҳем", - таъкид кард Шойгу.
Ба хотири итминон додани Ғарб ба тавоноии муқовимат ба артиши Русия, Киев талош дорад, амалиёти низомиро ба қаламрави Русия интиқол диҳад, ҳамлаҳои террористӣ ташкил кунад ва мардуми осоиштаро тирборон кунад, гуфт вазир.
Вай таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия вокуниши асимметрӣ медиҳанду зарбаҳои густарда ба нерӯҳои Украина заданд.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.