https://sputnik.tj/20240402/peshvoi-mardumi-turkmaniston-hunarmandonash-tojikiston-1062303705.html
Пешвои мардуми Туркманистон бо ҳунармандонаш ба Тоҷикистон меояд
Пешвои мардуми Туркманистон бо ҳунармандонаш ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон, ки худ низ ба овозхонӣ майл дораду сабтҳоеро низ наш кардааст, дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар Душанбе иштирок мекунад
2024-04-02T13:50+0500
2024-04-02T13:50+0500
2024-04-02T18:59+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамкорӣ
мулоқот
баррасӣ
туркманистон
қурбонқулӣ бердимуҳаммадов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040509615_0:0:2963:1668_1920x0_80_0_0_524223e93b8d0f7fbfadb9cf148965da.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Пешвои миллии халқи туркман, раиси Халқ маслаҳатии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки сафари Бердимуҳаммадови калонӣ 4 апрел дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ҳайати бузурги ҳунармандони Туркманистон низ дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон, ки худ низ ба овозхонӣ майл дораду сабтҳоеро низ наш кардааст, дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар Душанбе иштирок мекунад. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати Туркманистон аллакай вориди Душанбе шудаанд. Вазорати фарҳанг афзуд, қарор аст, ки консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ баргузор шавад. Инчунин 4 апрел, соати 10:00 мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллӣ намоиш дода мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз барномаи муштараки консертии устодони санъати кишварҳо дар "Кохи Борбад" доир мегардад. Рӯзи 5 апрел ҳайати Туркманистон барои намоиш ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар мекунанд.Дар баробари ин дар доираи сафари Бердимуҳаммадов мулоқоти сатҳи олӣ ва баррасии муносибот дар бахшҳои мухталиф дар назар аст.
https://sputnik.tj/20240306/peshnihod-halqai-barqi-tojikiston-uzbekiston-turkmaniston-eron-1061949942.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040509615_8:0:2737:2047_1920x0_80_0_0_a5d76c1f99c478666970e05b3f714443.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурбонгулӣ, бердимуҳаммадов, душанбе, сафар, фарҳанг
қурбонгулӣ, бердимуҳаммадов, душанбе, сафар, фарҳанг
Пешвои мардуми Туркманистон бо ҳунармандонаш ба Тоҷикистон меояд
13:50 02.04.2024 (Навсозишуда: 18:59 02.04.2024) Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон, ки худ низ ба овозхонӣ майл дораду сабтҳоеро низ нашр кардааст, дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар Душанбе иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Пешвои миллии халқи туркман, раиси Халқ маслаҳатии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки сафари Бердимуҳаммадови калонӣ 4 апрел дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо ҳайати бузурги ҳунармандони Туркманистон низ дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон, ки худ низ ба овозхонӣ майл дораду сабтҳоеро низ наш кардааст, дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар Душанбе иштирок мекунад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати Туркманистон аллакай вориди Душанбе шудаанд.
Вазорати фарҳанг афзуд, қарор аст, ки консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ баргузор шавад.
Инчунин 4 апрел, соати 10:00 мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллӣ намоиш дода мешавад.
Ҳамзамон дар ин рӯз барномаи муштараки консертии устодони санъати кишварҳо дар "Кохи Борбад" доир мегардад. Рӯзи 5 апрел ҳайати Туркманистон барои намоиш ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар мекунанд.
Дар баробари ин дар доираи сафари Бердимуҳаммадов мулоқоти сатҳи олӣ ва баррасии муносибот дар бахшҳои мухталиф дар назар аст.