https://sputnik.tj/20240401/tashkili-nihod-navi-umuri-millat-rusiya-1062293896.html
Ташкили ниҳодҳои нави умури миллатҳо ва муҳоҷирон дар Русия баррасӣ мешавад
Ташкили ниҳодҳои нави умури миллатҳо ва муҳоҷирон дар Русия баррасӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия сари таъсиси ду ниҳоди ҷадид андеша доранд, ки гуфта мешавад, яке ба танзими масоили марбути муҳоҷирату дигаре ба муносиботи миллатҳо машғул хоҳад шуд
2024-04-01T18:17+0500
2024-04-01T18:17+0500
2024-04-01T18:17+0500
муҳоҷират
дар русия
амалиёт
ҷалби муҳоҷирон
ниҳод
ташкил
думаи давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046155359_0:37:3153:1811_1920x0_80_0_0_ac6567eba271fa29b31b6017a428d7df.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Русия масъалаи таъсиси ниҳодҳои нав баррасӣ мешавад, ки масъули сиёсати байни миллатҳо ва муҳоҷират дар ин кишвар хоҳад буд. Раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури миллатҳо, Геннадий Семигин ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст, бояд вазорати сиёсати умури миллатҳо ташкил карда шавад, ки бевосита тобеи президент бошад. Ба гуфтаи ӯ, шояд хадамоти федеролии муҳоҷират низ пайдо шавад, ки тобеи ин вазорат будан метавонад. "Дар давоми ду соли охир мо барои таҳияи сиёсати миллӣ ташаббусҳои гуногун пешниҳод менамоем. Яке аз онҳо таъсиси Вазорати сиёсати миллӣ аст.Вазорат бояд мустақиман ба президенти кишвар итоат кунад. Мо инро низ ниҳоят муҳим мешуморем. Инчунин таъсиси хадамоти федералии муҳоҷират зарур аст", - гуфт Семигин. Вай афзуд, ҳадаф аз таъсиси чунин вазорат тамаркузи тамоми ваколатҳо, вазифаҳо ва захираҳо дар соҳаи сиёсати миллӣ мебошад. Таъсиси хадамоти федералии муҳоҷират, дар навбати худ, бояд тамоми самтҳо ва функсияҳои имконпазири ин соҳаро муттаҳид созад, гуфт ӯ.Қаблан хабар дода шуда буд, ки то охири соли ҷорӣ муҳоҷирон дар Русия профилҳои рақамӣ хоҳанд дошт, ки тамоми маълумоти мавҷуда дар бораи онҳо дар як системаи ягонаи иттилоотиро муттаҳид мекунад. Гуфта мешавад, ки ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки ҳаракати коргарони хориҷӣ беҳтар назорат карда шаваду, бехатарӣ таъмин гардад.
https://sputnik.tj/20240401/vkd-rusiya-khostor-mahdudiyat-nav-muhojion-1062292575.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046155359_422:0:3153:2048_1920x0_80_0_0_3bc804003382b71f034d6bd8de0d923a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ниҳод, нав, баррасӣ, муроҷиат, муҳоҷират, миллат
ниҳод, нав, баррасӣ, муроҷиат, муҳоҷират, миллат
Ташкили ниҳодҳои нави умури миллатҳо ва муҳоҷирон дар Русия баррасӣ мешавад
Дар Русия сари таъсиси ду ниҳоди ҷадид андеша доранд, ки гуфта мешавад, яке ба танзими масоили марбути муҳоҷирату дигаре ба муносиботи миллатҳо машғул хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Русия масъалаи таъсиси ниҳодҳои нав баррасӣ мешавад, ки масъули сиёсати байни миллатҳо ва муҳоҷират дар ин кишвар хоҳад буд.
Раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури миллатҳо, Геннадий Семигин ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст, бояд вазорати сиёсати умури миллатҳо ташкил карда шавад, ки бевосита тобеи президент бошад.
Ба гуфтаи ӯ, шояд хадамоти федеролии муҳоҷират низ пайдо шавад, ки тобеи ин вазорат будан метавонад.
"Дар давоми ду соли охир мо барои таҳияи сиёсати миллӣ ташаббусҳои гуногун пешниҳод менамоем. Яке аз онҳо таъсиси Вазорати сиёсати миллӣ аст.Вазорат бояд мустақиман ба президенти кишвар итоат кунад. Мо инро низ ниҳоят муҳим мешуморем. Инчунин таъсиси хадамоти федералии муҳоҷират зарур аст", - гуфт Семигин.
Вай афзуд, ҳадаф аз таъсиси чунин вазорат тамаркузи тамоми ваколатҳо, вазифаҳо ва захираҳо дар соҳаи сиёсати миллӣ мебошад.
Таъсиси хадамоти федералии муҳоҷират, дар навбати худ, бояд тамоми самтҳо ва функсияҳои имконпазири ин соҳаро муттаҳид созад, гуфт ӯ.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки то охири соли ҷорӣ муҳоҷирон дар Русия профилҳои рақамӣ хоҳанд дошт, ки тамоми маълумоти мавҷуда дар бораи онҳо дар як системаи ягонаи иттилоотиро муттаҳид мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки ҳаракати коргарони хориҷӣ беҳтар назорат карда шаваду, бехатарӣ таъмин гардад.