Идораи бештари шаҳрҳои Туркия ба мухолифин гузашт: Эрдуғон камбудиҳоро эътироф кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2024
Обуна шудан
Иштироки мардум дар интихоботи маҳаллӣ дар Туркия дастикам 78% буд, ки намояндагони ҳизби мухолифин дар он аз ҳизби ҳоким пеш гузаштанд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ҳизби мухолифи ҷумҳурихоҳи мардумии Туркия дар пайи ҳисоби қариб ҳамаи овозҳо дар 35 шаҳр ва ҳизби ҳоким дар 24 шаҳр раҳбар интихоб шудаанд.
Дар ин бора раиси Комиссияи олии интихоботӣ Аҳмет Йенер хабар дода, афзудааст, ки ҳизби мухолифин пешсаф шудаст.
Рӯзи 31март дар Туркия интихоботи ҳукуматҳои маҳаллӣ баргузор шуд, ки ҳизби мухолифи ҷумҳурихоҳи мардумии Туркия бори аввал дар 20 соли ахир бар Ҳизби ҳокими адолат ва рушд пирӯз шуд.
Илова ба Истанбул, Анқара ва Анталия, ки аз соли 2019 инҷониб аз сӯи намояндагони мухолифин идора мешаванд, шаҳрҳои нав, аз ҷумла марказҳои саноатии Бурса ва Текирдоғ низ таҳти назорати мухолифин қарор гирифтанд.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2024
Эрдуғон: ҷаҳони ислом вазифаи худро дар назди мардуми Фаластин иҷро накард
Ба гуфтаи раиси комиссияи интихоботии Туркия, ширкат дар интихоботи маҳаллӣ ҳадди ақалл 78% буд.
"Мувофиқи натоиҷи муқаддамотӣ, пас аз шумориши овозҳои 99,9 дарсади қитъаҳои интихоботӣ номзадҳо аз Ҳизби халқии ҷумҳурихоҳ дар 35 шаҳр ва аз Ҳизби адолат ва рушд дар 24 шаҳр пирӯз шуданд", - афзуд ӯ.
Вай дар мавриди 30 мегаполис таъкид намуд, ки дар 14-тои онҳо мухолифин раиси шаҳр мешаванд. Дар 10 шаҳри дигар намояндагони ҳизби тарафдори курдҳои ДЕМ ва 8 шаҳри дигарро сиёсатмадорони иттиҳод бо ҳизби ҳокими Ҷунбиши Миллӣ раҳбарӣ хоҳанд кард.
Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қаблан эътироф кард, ки Ҳизби ҳокими адолат ва рушд ба далели камбудиҳо дар маҳал натавонистааст ба натиҷаҳои дилхоҳ дар интихоботи шаҳрӣ ноил шавад ва камбудиҳои норасоиҳо дар ин самт таҳлил хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0