Собиқ вакил аз Данғара ва раиси кумита: Роҳбари нави Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон кист?

© © Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2024
Обуна шудан
Вакилон ва собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Анҷумани XVI ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон раиси нави созмонро интихоб карданд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Зулфиқор Гулаҳмадзода раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардид, иттилоъ дод Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, вакилон аз саросари мамлакат ва собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Анҷумани XVI ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон якдилона ба ҷонибдории Гулаҳмадзода овоз доданд.
Маврид ба зикр аст, ки Гулаҳмадзода аз аввали соли равон раисии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад.
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2024
Роҳ ба ҷавонон? Эмомалӣ Раҳмон ёваронашро иваз кард
Вай то аввали соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2022 бо гирифтани наздики 55%-и оро вакил аз ҳавзаи Данғара узви Маҷлиси намояндагон шуда буд.
Гулаҳмадзода дар мақомоти марбути ҷавонон Абдулло Раҳмонзодаро иваз кард, ки аз аввали соли равон аз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш озод ва ба ҷойи Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии президент дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин гардид.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз ниҳодҳои муҳим арзёбӣ мешавад, ки дар тарбияи насли наврас, рушду тараққии сиёсиву иҷтимоӣ, бедории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва истиқлолият саҳм мегузорад.
Раиси нави ин ниҳод таъкид кардаст, ки ҷавонон фаъолияташонро минбаъд низ дар ҷумҳурӣ таҳким хоҳанд бахшид.
Лентаи хабарҳо
0