https://sputnik.tj/20240331/hushdor-mask-ehtimoli-guzashtani-odessa-rusiya-1062276169.html
Ҳушдори Маск аз эҳтимоли гузаштани Одесса ба Русия: Ӯ роҳи ҳалро гуфт
Ҳушдори Маск аз эҳтимоли гузаштани Одесса ба Русия: Ӯ роҳи ҳалро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Молики шабакаи иҷтимоии X изҳори итминон кард, ки "ҳамла ба артиши бузургтар бо дифоъи амиқ" бидуни шак барои Украина бо фоҷиа анҷом хоҳад ёфт
2024-03-31T12:12+0500
2024-03-31T12:12+0500
2024-03-31T12:12+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
илон маск
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
сиёсат
украина
амалиёт
вижа
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/17/1032875665_0:275:2995:1960_1920x0_80_0_0_87cfd4804d27b770707ee4a3eb0b6027.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Агар Украина ба музокира бо Русия розӣ нашавад, ба хатари аз даст додани Одесса ва дастрасӣ ба Баҳри Сиёҳ мувоҷҷеҳ хоҳад шуд. Ин нуктаро молики шабакаи иҷтимоии Х, Илон Маск дар саҳифааш баён кардааст. "Агар ҷанг ба қадри кофӣ тӯл кашад, Одесса низ суқут хоҳад рафт. Зери суол мемонад, ки оё Украина тамоми дастрасиро ба Баҳри Сиёҳро аз даст медиҳад ё на. Ман маслиҳат медиҳам, ки то ин ки ин ҳодиса рух диҳад, як ҳаллу фасли музокиротро анҷом диҳад", - навиштааст ӯ. Ҳушдори Маск дар бораи паёмадҳо барои Украина дар сурати оғоз накардан ба музокирот дар шарҳи матлаби соҳибкори амрикоӣ Билл Акман дар бораи коршинос Ҷон Спенсер, ки дар бораи муноқишаи Украина навиштааст, садо додаст. Маск муътақид аст, ки "ҳамла ба артиши бузургтар бо дифоъи амиқ, майдонҳои мина ва тӯпхонаҳои пурқувваттар, ҳарчанд Украина на дар ҳаво ва на дар мошинҳои зиреҳпӯш бартарӣ надошт" барои Украина фоҷиа аст.Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20240330/qrim-ukraina-sulh-1062273738.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/17/1032875665_264:0:2995:2048_1920x0_80_0_0_92600f173275bd21fb66ce3a98ead697.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз, музокира, украина, пешниҳод, шак, фоҷиа
оғоз, музокира, украина, пешниҳод, шак, фоҷиа
Ҳушдори Маск аз эҳтимоли гузаштани Одесса ба Русия: Ӯ роҳи ҳалро гуфт
Молики шабакаи иҷтимоии X изҳори итминон кард, ки "ҳамла ба артиши бузургтар бо дифоъи амиқ" бидуни шак барои Украина бо фоҷиа анҷом хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Агар Украина ба музокира бо Русия розӣ нашавад, ба хатари аз даст додани Одесса ва дастрасӣ ба Баҳри Сиёҳ мувоҷҷеҳ хоҳад шуд.
Ин нуктаро молики шабакаи иҷтимоии Х, Илон Маск дар саҳифааш баён кардааст.
"Агар ҷанг ба қадри кофӣ тӯл кашад, Одесса низ суқут хоҳад рафт. Зери суол мемонад, ки оё Украина тамоми дастрасиро ба Баҳри Сиёҳро аз даст медиҳад ё на. Ман маслиҳат медиҳам, ки то ин ки ин ҳодиса рух диҳад, як ҳаллу фасли музокиротро анҷом диҳад", - навиштааст ӯ.
Ҳушдори Маск дар бораи паёмадҳо барои Украина дар сурати оғоз накардан ба музокирот дар шарҳи матлаби соҳибкори амрикоӣ Билл Акман дар бораи коршинос Ҷон Спенсер, ки дар бораи муноқишаи Украина навиштааст, садо додаст.
Маск муътақид аст, ки "ҳамла ба артиши бузургтар бо дифоъи амиқ, майдонҳои мина ва тӯпхонаҳои пурқувваттар, ҳарчанд Украина на дар ҳаво ва на дар мошинҳои зиреҳпӯш бартарӣ надошт" барои Украина фоҷиа аст.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.