https://sputnik.tj/20240329/navruz-khunin-bozdoshti-guruh-muttahamon-tojikiston-1062262362.html
Тарҳрезии террори монанд ба "Крокус" дар Тоҷикистон: боздошти 15 муттаҳам дар наврӯзӣ
Тарҳрезии террори монанд ба "Крокус" дар Тоҷикистон: боздошти 15 муттаҳам дар наврӯзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон гуруҳи муттаҳамон ба терроризмро боздошт кардаанд, ки гуфта мешавад, қасди ҳамлаҳои монанд ба "Крокус" дар қаламрави кишварро доштанд
2024-03-29T16:46+0500
2024-03-29T16:46+0500
2024-03-29T16:49+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
боздошт
ваҳдат
душанбе
муттаҳам
амал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/15/1062146108_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_f8f706b0c4f52697f9c8bd4e02f6e808.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар рӯзҳои наврӯзӣ ҳудуди 15 танро ба иттиҳоми қасди анҷоми амалиёти террористӣ дар Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Дар ин бора як манбаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳукуқи кишвар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Тахмин зада мешавад, ки гуруҳ дар рӯзи ҳамла ба "Крокус сити холл"-и шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия бояд дар шаҳрҳои Ваҳдат ё Душанбеи Тоҷикистон низ як ҳамлаи террористӣ анҷом медод. Манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфт, қисмати умдаи ин афрод сокинони шаҳри Ваҳдат буда, ҳамдастони онҳо дар Душанбе низ аз навоҳии дигаранд. “Ба гумони ғолиб, онҳо бояд як ҳамлаи монанд ба ҳамла дар шаҳри Маскавро дар Ваҳдат ё Душанберо анҷом медоданд, масалан, ба ягон маҳфили наврӯзӣ, ки мардуми зиёд, аз ҷумла духтарони чакану атласпӯш ва кӯдакони хонаводаҳо барои сайр меоянд, ҳамла карда, талафоти ҷонии зиёд ба ҷой мегузоштанд”, - гуфт манбаъ.Амали террористӣ дар "Крокус сити холл"Ҳамла ба толори консертии Крокус сити холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Муттаҳамон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, гуфта мешавад, ки қасди фирор ба Украинаро доштаанд. Додгоҳи Басмани Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Мақомот мегӯянд, дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.
https://sputnik.tj/20240328/putin-hifz-vahdat-mardum-sulh-millatho-rusiya-1062248843.html
ваҳдат
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/15/1062146108_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_042ca00e4c7df4d8bf1577e240eff66f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, қасд, ҳамла, террористӣ, тоҷикистон, крокус
боздошт, қасд, ҳамла, террористӣ, тоҷикистон, крокус
Тарҳрезии террори монанд ба "Крокус" дар Тоҷикистон: боздошти 15 муттаҳам дар наврӯзӣ
16:46 29.03.2024 (Навсозишуда: 16:49 29.03.2024) Эксклюзив
Дар Тоҷикистон гуруҳи муттаҳамон ба терроризмро боздошт кардаанд, ки гуфта мешавад, қасди ҳамлаҳои монанд ба "Крокус" дар қаламрави кишварро доштанд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар рӯзҳои наврӯзӣ ҳудуди 15 танро ба иттиҳоми қасди анҷоми амалиёти террористӣ дар Тоҷикистонро боздошт кардаанд.
Дар ин бора як манбаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳукуқи кишвар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Тахмин зада мешавад, ки гуруҳ дар рӯзи ҳамла ба "Крокус сити холл"-и шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия бояд дар шаҳрҳои Ваҳдат ё Душанбеи Тоҷикистон низ як ҳамлаи террористӣ анҷом медод.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфт, қисмати умдаи ин афрод сокинони шаҳри Ваҳдат буда, ҳамдастони онҳо дар Душанбе низ аз навоҳии дигаранд.
“Ба гумони ғолиб, онҳо бояд як ҳамлаи монанд ба ҳамла дар шаҳри Маскавро дар Ваҳдат ё Душанберо анҷом медоданд, масалан, ба ягон маҳфили наврӯзӣ, ки мардуми зиёд, аз ҷумла духтарони чакану атласпӯш ва кӯдакони хонаводаҳо барои сайр меоянд, ҳамла карда, талафоти ҷонии зиёд ба ҷой мегузоштанд”, - гуфт манбаъ.
Амали террористӣ дар "Крокус сити холл"
Ҳамла ба толори консертии Крокус сити холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Муттаҳамон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, гуфта мешавад, ки қасди фирор ба Украинаро доштаанд.
Додгоҳи Басмани Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Мақомот мегӯянд, дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.