Маълум шуд, ки чӣ гуна ВКД мошини террористҳоро дар Крокус муайян кард

© Sputnik / Sergey Bobylev / Гузариш ба медиабонкСотрудники силовых структур у концертного зала "Крокус Сити Холл", где произошла стрельба
Сотрудники силовых структур у концертного зала Крокус Сити Холл, где произошла стрельба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2024
Обуна шудан
Барои муайян карданит мошини террористон ба кормандони Вазорати коҳои дохилии Русия сабти видео аз дурбини назоратӣ кумак расонд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Кормандони пулис тавонистанд маводи видеоиро аз сӯхтор дар Крокус Сити Холл наҷот диҳад ва тавассути он ба зудӣ мошини ҳомилони ҳамлаи террористиро муайян карданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк дар канали Telegram-и худ навиштааст.
"Он рӯз сардори пулиси ВКД Русия дар шаҳри Красногорск, полковники милиса Максим Мягков ва муовини ӯ, подполковники милитсия Дмитрий Новиков ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, фавран ба утоқи сервер рафтанд. <...> Дари ҳуҷраро шикаста, полис ҳамроҳ бо афсарони ФСБ-и Русия видеоро зуд тамошо карда, мошинеро муайян карданд, ки террористони эҳтимолӣ бо он фирор кардаанд", - навиштааст вай.
Сгоревшее здание подмосковного Крокус Сити Холла. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Раҳбари ФСБ-и Русия гуфт, ки пушти ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" кист
Чунон ки Волк кайд намуд, ахбороти аз тарафи милитсия фиристодашуда ба штаби оперативӣ имкон дод, ки маршрути гумонбаршудагонро муайян намуда, боздошти онхоро таъмин намояд.
Қаблан молики Крокус Араз Агаларов гуфта буд, ки кормандони Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ тавонистанд аз сӯхтор дар утоқе, ки дар он маълумот аз дурбинҳои видеоӣ нигоҳдорӣ мешуданд, пешгирӣ кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз ба сабти видео ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон дод рақами давлатии мошини террористонро муайян кунанд.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Ҳамла ба толори консертии Крокус Сити Холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, хостанд ба Украина фирор кунанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0