https://sputnik.tj/20240328/tojikistoni-peterburg-uzv-telegram-deport-1062243999.html
Муҳоҷири тоҷикро, ки узви Telegram-и мансуб ба террористҳо буд, аз Русия депорт мекунанд
Муҳоҷири тоҷикро, ки узви Telegram-и мансуб ба террористҳо буд, аз Русия депорт мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Муайян гардид. ки тавассути ин Telegram - канал террористҳое, ки ба Крокус Сити Холл ҳамла намуданд, ҷалб шуда буданд 28.03.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-03-28T10:45+0500
2024-03-28T10:45+0500
2024-03-28T10:47+0500
русия
шаҳрванди тоҷикистон
депорт
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_0:0:2998:1686_1920x0_80_0_0_e20fa66d8166f98e75057dacc3cd73e6.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Аз Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони аъзои Telegram - канале, ки он ҷо шаҳрвандони хориҷиро барои анҷоми амалҳои террористӣ дар Русия ҷалб мекарданд, аз қаламрави Русия ихроҷ мешавад.Дар ин бора Даря Лебедева, раиси дафтари матбуоти додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ба таъкиди ӯ, шаҳрванди Тоҷикистонро кормандони милитсия боздошт карданд ва шабакаҳои иҷтимоии ӯро бодиққат тафтиш карданд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки боздоштшуда аъзои Telegram - канале будааст, ки дар он шаҳвардони хориҷиро барои анҷоми амалҳои террористӣ дар Русия ҷалб мекунанд.Манбаъ афзуд, ки ҳукми муҳоҷири тоҷикро додгоҳи шаҳри Приморск эълон кардааст. Зикр гардид, ки маҳз тавассути ҳамин Telegram - канал террористҳое, ки ба Крокус Сити Холл ҳамла намуданд, ҷалб шуда буданд.Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити ХоллҲамла ба толори консертии Крокус Сити Холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, хостанд ба Украина фирор кунанд.Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.
https://sputnik.tj/20240326/dodgoh-fard-parvanda-hamla-krokus-bozdosht-1062223455.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102205/73/1022057351_269:0:2998:2047_1920x0_80_0_0_4100e234ddac9eae9cb82e13f7aba55d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, шаҳрванди тоҷикистон, депорт, муҳоҷират
русия, шаҳрванди тоҷикистон, депорт, муҳоҷират
Муҳоҷири тоҷикро, ки узви Telegram-и мансуб ба террористҳо буд, аз Русия депорт мекунанд
10:45 28.03.2024 (Навсозишуда: 10:47 28.03.2024) Эксклюзив
Муайян гардид. ки тавассути ин Telegram - канал террористҳое, ки ба Крокус Сити Холл ҳамла намуданд, ҷалб шуда буданд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Аз Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони аъзои Telegram - канале, ки он ҷо шаҳрвандони хориҷиро барои анҷоми амалҳои террористӣ дар Русия ҷалб мекарданд, аз қаламрави Русия ихроҷ мешавад.
Дар ин бора Даря Лебедева, раиси дафтари матбуоти додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, шаҳрванди Тоҷикистонро кормандони милитсия боздошт карданд ва шабакаҳои иҷтимоии ӯро бодиққат тафтиш карданд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки боздоштшуда аъзои Telegram - канале будааст, ки дар он шаҳвардони хориҷиро барои анҷоми амалҳои террористӣ дар Русия ҷалб мекунанд.
Манбаъ афзуд, ки ҳукми муҳоҷири тоҷикро додгоҳи шаҳри Приморск эълон кардааст.
"Ҳоло қарор қабул шуд ва нисбати ӯ ҷарима ва ихроҷи иҷборӣ тадбиқ гардид. Ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир карда мешавад ва пас аз он бояд дар давоми 30 рӯз аз кишвар ихроҷ хоҳад шуд", - афзуд Лебедева.
Зикр гардид, ки маҳз тавассути ҳамин Telegram - канал террористҳое, ки ба Крокус Сити Холл ҳамла намуданд, ҷалб шуда буданд.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Ҳамла ба толори консертии Крокус Сити Холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, хостанд ба Украина фирор кунанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Дар маҷмӯъ дар ин парванда 11 нафар боздошт шудаанд.