Аҳмадзода ба занони ҳунарманд дар Суғд грант медиҳад

© Фото : Пресс-служба главы Согдийской областиГлава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Глава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2024
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд миёни занҳои ҳунарманд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун эълон намудааст
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дарёфти гранти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят барои солҳои 2021-2025 озмун эълон намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Бино бар иттилои манбаъ, озмун мутобиқ ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят доир ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025 гузаронида мешавад.
Манбаъ қайд намудааст, ки грантҳои Раиси вилоят ба сокинони вилояти Суғд - занҳои ҳунарманд дода мешавад.
В Согдийской области прошло награждение женщин-предпринимателей. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2023
Аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ: даҳҳо бонуи ҳунарманд дар Суғд грант гирифтанд
“Бофандагону дӯзандагон, армуғонсозону кулолгарон, чӯбкору ресандагон, читгару рассомон метавонанд лоиҳаҳои худро барои дарёфти гранти Раиси вилоят пешниҳод намоянд”, - зикр намудааст мақомоти вилоят.
Грантҳо ба андозаи зерин ҷудо карда мешавад:
- 15 грант дар ҳаҷми 10000 сомонӣ;
- 15 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ;
- 30 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ.
Мақомоти Суғд таъкид намудааст, ки муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо аз 1 апрел то 31 майи соли равон идома хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, моҳи октябри соли гузашта ба 60 бонуи ҳунарманди ин вилоят наздики ним млн сомонӣ супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0