https://sputnik.tj/20240323/tojikiston-dast-doshtani-shahrvandon-hamla-krokus-malumot-1062169047.html
Тоҷикистон дар бораи даст доштани шаҳрвандонаш дар ҳамла ба "Крокус" маълумот нагирифтааст
Тоҷикистон дар бораи даст доштани шаҳрвандонаш дар ҳамла ба "Крокус" маълумот нагирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорат таъкид кардааст, ки нашри маълумоти тасдиқнашуда ва ноустувор метавонад ба шаҳрвандони муқими бурунмарзии Тоҷикистон зарар расонад 23.03.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-03-23T12:20+0500
2024-03-23T12:20+0500
2024-03-23T12:42+0500
дар тоҷикистон
дар русия
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_248:179:3566:2046_1920x0_80_0_0_374a88d7491bec3a0a3bc821ced3ab9c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар бораи даст доштани шаҳрвандонаш дар ҳамлаи террористии "Крокус" маълумот нагирифтааст.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расман хабар додааст. Ин ниҳод ба расонаҳои дохиливу хориҷӣ тавсия додааст, ки ба маълумоти расмии интишоркардаи мақомоти давлатии Федератсияи Русия такя кунанд.Вазорат таъкид кардааст, ки нашри маълумоти тасдиқнашуда ва ноустувор метавонад ба шаҳрвандони муқими бурунмарзии Тоҷикистон зарар расонад. "Мо таваҷҷуҳи худро ба зарурати муносибати масъулиятнок ба паҳн кардани маълумот дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон ё тоҷикистониён дар ин амал ҷалб мекунем", - афзудааст ВКХ.Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро, ки шоми ҷумъа дар вилояти Маскав рух дод, маҳкум кард.Ҳодиса пеш аз баргузории консерт дар Крокус Сити Холл дар Красногорск дар наздикии Маскав, дар марзи шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ ва сӯхтор ба амал омад.Ба иттилои ФСБ-и Русия, то кунун 60 нафар кушта ва беш аз 120 нафар маҷрӯҳ шудаанд.Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ ба сӯи Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалькова ҳодисаи дар Крокус Сити Холл рухдодаро як амали террористӣ номида, ба наздикону хонаводащои қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.
https://sputnik.tj/20240323/tojikistoniro-krokus-najot-tafsilot-1062168757.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_549:0:3280:2048_1920x0_80_0_0_22c39969fa6f11f79914b9bfe453cab5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар русия, вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон, ҳамлаи террористӣ
дар тоҷикистон, дар русия, вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон, ҳамлаи террористӣ
Тоҷикистон дар бораи даст доштани шаҳрвандонаш дар ҳамла ба "Крокус" маълумот нагирифтааст
12:20 23.03.2024 (Навсозишуда: 12:42 23.03.2024) Вазорат таъкид кардааст, ки нашри маълумоти тасдиқнашуда ва ноустувор метавонад ба шаҳрвандони муқими бурунмарзии Тоҷикистон зарар расонад
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар бораи даст доштани шаҳрвандонаш дар ҳамлаи террористии "Крокус" маълумот нагирифтааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расман хабар додааст.
"Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти расмии Русия дар бораи маълумоти бардурӯғ, ки ҳоло дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон паҳн мешавад, тасдиқ нагирифтааст",- афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод ба расонаҳои дохиливу хориҷӣ тавсия додааст, ки ба маълумоти расмии интишоркардаи мақомоти давлатии Федератсияи Русия такя кунанд.
Вазорат таъкид кардааст, ки нашри маълумоти тасдиқнашуда ва ноустувор метавонад ба шаҳрвандони муқими бурунмарзии Тоҷикистон зарар расонад.
"Мо таваҷҷуҳи худро ба зарурати муносибати масъулиятнок ба паҳн кардани маълумот дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон ё тоҷикистониён дар ин амал ҷалб мекунем", - афзудааст ВКХ.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро, ки шоми ҷумъа дар вилояти Маскав рух дод, маҳкум кард.
Ҳодиса пеш аз баргузории консерт дар Крокус Сити Холл дар Красногорск дар наздикии Маскав, дар марзи шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ ва сӯхтор ба амал омад.
Ба иттилои ФСБ-и Русия, то кунун 60 нафар кушта ва беш аз 120 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ ба сӯи Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалькова ҳодисаи дар Крокус Сити Холл рухдодаро як амали террористӣ номида, ба наздикону хонаводащои қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.